Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар…

Зан-модар тимсоли ҳаёт, идомадиҳандаи насли инсон ва наҷотбахши одамон ба ҳисоб рафта, бо ҳузури худ дар зиндагӣ ба инсоният рӯҳу тавон мебахшад.

Зан-модар эҷодкор, офаранда ва бунёдгузори ҳастии инсон аст, ки ин ҳама аз бузургӣ, тавоноӣ ва қудрати ӯ шаҳодат медиҳад.
Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи ӯ таҷассум меёбад.
Садбарг Набиева аз ҷумлаи занонест, ки бо кору пайкор ва амалҳои неку созанда рисолаи модарӣ ва инсонии худро ҳамчун олиҳаи ҳусну зебоӣ, модари мушфиқу меҳрубон, рафиқи ғамхор ва ҳамсари қадрдон дар зиндагӣ ба ҷо оварда, бо кӯшишу заҳмати худ нақши созгор ба ёдгор гузоштааст.
Зимни сӯҳбат бо ин модари биҳиштӣ беихтиёр ба дунёи рангини ӯ ворид шуда, аз овони кӯдакию наврасӣ, донишҷӯию донишомӯзӣ, солҳои тӯлонии фаъолият дар соҳаи мактабу маориф ва саҳми назарраси ӯ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар воқиф шудаму боварӣ ҳосил кардам, ки ин гуна инсонҳо намунаи ибрат ва мояи ифтихори насли ҷавонанд.
Садбарг Набиева 7-уми майи соли 1937 дар кӯчаи Чармгарони поёни шаҳри Кулоб, дар оилаи коргар ба дунё омада, соли 1944 ба мактаби ибтидоии рақами 4-и ба номи Ленини ҳамин шаҳр рафта, таҳсил намудааст.
Ӯ ин овони ширини кӯдакиро андешамандона ба ёд оварда, изҳор медорад: «Як рӯз дар кӯча бозӣ доштем, ки муаллим Юсупов Сайвалӣ аз наздамон гузашта, «духтарак ту чанд солаӣ» гуфта пурсид. Ман бошам «намедонам» гуфтам. «Ба падарат гӯй туро ба мактаб биёрад» гуфта, таъкид кард. Ҳамин тавр мани хурдакакро падарам ба мактаб бурд.
Мактаб аз як ҳавличаи хурд иборат буда, ягон шароит надошт. Хурдсолон бо калонсолон, ки он вақтҳо маҳви бесаводӣ мерафт, дар якҷо мехонданд. Муаллим як дафтар ва як қаламро ба чанд нафар тақсим мекард».
Ақлу дониш ва заковату фаросати ӯро ба назар гирифта, баъди чоряки якум ӯро ба синфи дуюм гузарониданд. Хулоса, Садбарг мактаби чорсоларо дар се сол ба итмом расонида, таҳсилро дар мактаби миёнаи ба номи Ворошилов идома медиҳад.
- Он вақтҳо дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ се мактаб буд: мактаби ибтидоии ба номи Ленин, мактаби миёнаи ба номи Чкалов барои русзабонҳо ва мактаби миёнаи ба номи Ворошилов, ба ёд меорад Садбарг Набиева.
- Азбаски толибилмон зиёд буданд, дар мактаб дар 3 баст дарс мехонданд. Мо дар басти 3-юм таҳсил мекардем. Дарсҳо соати 8-9-и бегоҳ тамом мешуданд, то меомадам, ки торикӣ фаро мерасид ва ҳамеша падарам ба сари роҳам баромада, маро аз мактаб мегирифт…
Саҳифаҳои хотироти нек варақгардон мешаванд ва Садбарг Набиеваро ба ёди падар мебаранд. «Падарам Набиев Забир соли 1906 дар деҳаи Саричашмаи ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст. Ӯ дар овони нӯҳсолагӣ, ки сағира будааст, дар комендатураи ҳамонвақтаи шаҳр ба аскарони сурх ёрдам медодааст. Рӯзе ба онҷо як духтури ҳайвонот (байтор) бо номи Студинин омада, ба аспҳо назорат мекунад ва Забири хурдакакро бо худ гирифта тарбия менамояд. Падарам баъди хатми мактаб мисли ӯ пешаи духтури ҳайвонотро интихоб менамояд.
Модарам - Мунаввар бисёр зани бофарҳангу бомаърифат буд ва пайваста аз осору ашъори Ҳофизу Саъдию Хайём барои мо мутолиа мекард. «Ман ҳарфи аввалро аз модарам омӯхтаам», - таъкид мекунад ӯ.
Онҳо дар оила чор фарзанд будаанд, се хоҳару як бародар. Мутаассифона бародарашон бармаҳал аз қайди ҳаёт рафт. Хоҳарон ҳама соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ба кору фаъолият машғул буданд. Яке аз хоҳаронаш Майрамбӣ Набиева ба синни 76 расида бошад, ҳам то кунун дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба таълиму тадриси насли ҷавон идома медиҳад.
Садбарг Набиева соли 1955 мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо хоҳиши модараш ба хонаи хешовандонаш ба деҳаи Шуруптудаи ноҳияи Кангурт меравад. Вале тақдир ӯро ба сӯи фатҳ намудани қуллаҳои баланди мурод ва омӯхтани илму дониш ҳидоят менамояд. Бародари модараш Мирзоев Сайдалӣ, ки худ корманди маориф ва марди маърифатпарвар буд, ӯро раҳнамоӣ мекунад, то ки ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, таҳсили худро дар риштаи забон ва адабиёт идома диҳад.
Он солҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намудани духтарон худ корнамоӣ маҳсуб меёфт ва ангуштшумор буданд духтароне, ки бо иродаи матин ва матонату ҷасорат пой бар даргоҳи муқаддаси илму дониш мениҳоданд.
Ҳарчанд модари Садбарг Набиева он қадар розӣ набуд, вале бо дастгирию мадади падари бузургвораш ӯ низ розигии худро дод ва Садбарг ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд.
Аз курси якум комсорги гурӯҳ (сардори ташкилоти комсомолӣ) таъин гардида, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард.

- Аз сабабе, ки ба назму наср мароқи зиёд доштам, факултаи забон ва адабиёти тоҷикро интихоб намудам. Ҳарчанд пешниҳодҳо барои ба шаҳри Ленинград фиристодан ва ё ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шудан буд, вале ман ҳамин касбро интихоб кардам ва ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам, - чунин иброз медорад дар идомаи сӯҳбат Садбарг Набиева.
Зимни таҳсил дар курси 3-юм бо писари ҳамсоя Назаров Бобо хонадор шуда, ҳаёти худро бо ӯ мепайвандад ва соҳиби 7 фарзанд: 4 духтар ва 3 писар мегарданд. Ҳамаи фарзандон соҳиби маълумоти олӣ ва хонаи обод гардида, айни замон дар хизмати халқу Ватан ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм мегузоранд.
Фарзанди калонӣ полковник Нурулло Назарзода ба ҳайси муовини сардори Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, писари дуюмӣ генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода сардори яке аз раёсатҳои оперативии ВКД ва писари сеюмӣ полковники милитсия Бахтиёр Назарзода сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Исфара мебошад.
- Ман шукр аз он дорам, ки ба хотири ин се фарзандам соҳиби се келин - се духтари зебо шудам. Ман бо келинҳо ба мисли модару духтар муносибат дорем. Хеле мутаассуфам, ки якчанд сол пеш яке аз келинҳо, оилаи Қудратулло (руҳашон шод бод) аз дунё гузаштанд ва ин барои ман бисёр дардовар буд, - бо андӯҳ қайд мекунад ӯ.
Духтарони Садбарг Набиева: Гулбарг, Санавбар, Ҷавҳарбӣ ва Раъно пайроҳаи модарро интихоб намуда, ҳар чорашон Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро бомуваффақият хатм карда, ҳамеша дар таҳсил ва фаъолияти корӣ намунаи ибрат буданд, то ки модар аз рафтор, кирдор ва пиндори духтаронаш ифтихор намояд.
Ин ҷо суханони Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овардан хело бомаврид аст, ки гуфтаанд: «Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад».
- Дар курси 4-ум соҳиби аввалин писар гашта, худро хеле хушбахт эҳсос кардам, зеро ман модар шудам ва фарзандони халқро ба мисли фарзандони худ дар мактаб таълиму тарбия дода, ба онҳо модарвор муносибату муошират мекардам, - ба ёд меорад ӯ ва аз хотироти худ қисса мекунад.
- Баъди хатми донишкада дар мактаби №4, ки аллакай ба мактаби 10-сола табдил дода шуда буд, ҳамчун омӯзгор ба фаъолият шурӯъ кардам. Аввал ба ман синфҳои 5-6 ва баъдҳо синфҳои болоиро доданд. Боре ба синфи 5 даромадам, ки шогирдам Ашуров Амонулло аз ҷояш хеста маро бо суханҳои зебову бурро аз таҳти дилу ҷон самимона табрик кард ва бароям як китоб тӯҳфа намуд. Ин лаҳзаҳо бароям чи қадар гуворо буданд, тасаввур кардан имконнопазир аст. Медонед, дар он вақтҳо Иди занону модарон ва табрику таҳният набуд. Ин табрикот ва тӯҳфаи шогирд бароям нерую илҳом бахшида, якумр дар лавҳи хотирам нақш баст.
Садбарг Набиева бо тамоми ҳастӣ ва масъулияти бузург на танҳо ба корҳои омӯзгорию ҷамъиятӣ, балки ба тарбияи фарзандон низ машғул шуда, онҳоро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, ватанпарастӣ, ростқавлӣ ва андӯхтани илму дониш раҳнамоӣ мекард.
Ӯ аз модараруси худ Исмоилова Гулистон бо самимият ва меҳру садоқат ёдовар шуда, қайд кард, ки «Хушдоманам ҳамеша, дар ҳама ҳолат, модарвор дар паҳлӯи ман буд ва дар нигоҳубин ва тарбияи фарзандон кӯмаки худро дареғ намедошт. Байни мо ҳамдигарфаҳмию ҳурмату эҳтироми хоса вуҷуд дошта, то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ ба ман меҳрубонона муносибат карда, дуои нек медод.
Шавҳарам Назаров Бобо низ бисёр инсони бофарҳанг, бомаърифат ва хирадманд буда, ба тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекард. Пайваста рӯзномаҳояшонро тафтиш карда, онҳоро назорат менамуд. Аз синфи якум бо ӯ дар як синф мехондем, вале бо тақозои замон ба дигар мактаб ва сипас ба хизмати ҳарбӣ рафта, таҳсили худро дар мактаби олӣ идома надод. Ҳарчанд ӯ касби ронандагиро интихоб карда бошад ҳам, ба фанни адабиёт ва осори ниёгон шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳамин буд, ки ҳар ҳафта, бо фарзандон саволу ҷавоб ва ҳар шаби ҷумъа «Шаби байтбарак» ташкил мекард, то ки онҳо аз фарҳангу осори аҷдодиамон бохабар ва соҳиби илму дониш гарданд. Дар тӯли 55-соли зиндагӣ ягон маротиба байни мо нофаҳмӣ ва сухани пасту баланде нагузаштааст.
Ҳангоми фаъолият дар мактаб бо аҳли ҷамоатчигӣ кор мебурдем, ки занону духтарон хонда босавод шаванд, дар деҳаҳо гашта духтаронро ба таҳсил ҷалб мекардем. Дар хонаҳояшон ба занҳо дарс медодем. Мақсад, зани тоҷик бофарҳанг, босавод ва бомаърифат бошад. Ин роҳ мушкилиҳои зиёд дошт ва на ҳама инро қабул доштанд, баъзе мардон эътироз мекарданд. Вале саъю талош ва ҷидду ҷаҳди мо самара дода, сол то сол сафи духтарон дар макотиби олӣ зиёд гардид.
Боре ба дастам як рӯзнома афтид, ки дар он ҷо оид ба ҷашни ниёгон Наврӯз маълумот пайдо кардам. Он вақтҳо таҷлил намудани ҷашни Наврӯз мумкин набуд. Вале, ман ҳамчун омӯзгор, мураббӣ ва асилзода наметавонистам ба ин ҷашни таърихӣ ва куҳанбунёди миллати тоҷик бетараф бошам. Бинобар ин, ба шогирдонам доир ба Наврӯз, лавҳаю шеъру рубоиҳо тақсим карда додам, ки аз ёд намоянд. Сипас дар арафаи Наврӯзӣ онҳоро ба толори калони варзишии мактаб дароварда, шинондаму мудири мактаб ва дигар омӯзгорону мураббиёнро даъват кардам. Онҳо даромада дар минбар нишастанд ва ҳайрон аз ман мепурсиданд, ки чӣ гап аст?
Ман конференсияро оғоз намуда, оид ба таърих, пайдоиш ва моҳияту аҳамияти Наврӯз дар ҳаёти иҷтимоии мардумони машриқзамин маълумот додам. Сипас шогирдонам бо навбат дар васфи Наврӯзи оламафрӯз, шеъру рубоӣ ва ғазалу достонҳо қироат намуда, ҳамагонро ба ваҷд оварданд.
Ин аввалин ташаббуси ман дар фаъолияти ҷамъиятӣ буд ва мудири мактаб аз ин иқдоми ман хело хурсанд шуда, изҳори миннатдорӣ намуд, - афзуд дар идомаи сӯҳбат Садбарг Набиева.
Соли 1970 дар тамоми собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омодагӣ ба пешвози таҷлили 100-солагии Владимир Илич Ленин ва 70 – солагии шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода гирифта мешуд.
Садбарг Набиева он рӯзҳоро ба хотир оварда, чунин иброз медорад: Дар байни шогирдонам, се аппаю хоҳар буд, ки калонии онҳо Хуррамова Чинигул ҳофизаи хеле қавӣ дошт. Ман ба ҳар яки онҳо аз эҷодиёти шодравон Сайдалӣ Вализода як достонӣ додам, ки азёд намоянд. Сипас, бо ҳамроҳии шогирдонам як чорабинии фарҳангӣ ташкил намуда, дар рӯзи мавлудаш шоирро ба мактаб даъват намудам.
Он рӯз мудири мактаб ба наздам омада, пурсид, ки «ту Сайдалӣ Вализодаро ба мактаб даъват кардӣ?», гуфтам, «бале». Гуфт, «ӯ омада, дар ҳуҷраи кории ман нишастааст». Ман ба мудир фаҳмонидам, ки чорабинӣ дорем ва дар толор шогирдон ӯро интизоранд.
Сайдалӣ Вализода бо ҳамроҳии дигар муаллимону омӯзгорон омада, дар минбар нишастанд ва мо ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшидем. Сараввал ман дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин шоирии накӯному сермаҳсул маълумот дода, хизматҳои арзандаи ӯро қайд кардам. Ҳангоме, ки шогирдонам бо навбат, ифоданок ва самимона достонҳои ӯро қироат карданд, шоир мутаассир гардида, чашмонаш ғарқи ашк шуданд. Ин чорабинӣ барои ӯ ғайричашмдошт ва хеле гуворо буд…
Муаллима Садбарг Набиева дар баробари омӯзгорӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳаёти оилавӣ боз ӯҳдадории дигар низ дошт. Ӯ намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф дар шаҳри Кӯлоб буд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Ҳамчунин дар таҳияи китобҳои дарсӣ саҳм гузошта, таклифу пешниҳод ва тавсияҳои худро бо такя аз таҷрибаи чандинсола дар соҳаи маориф ироа менамуд.
Кӯшишу ғайрат ва хизматҳои арзандаи Садбаргро ба назар гирифта, соли 1973 ӯро ба ҳайси мудири мактаби №4 пешбарӣ намуданд ва дар ин вазифа 10-сол ва умуман ҳамчун педагоги варзида 33-сол фаъолият намуда, ҳазорон нафарро ҳамчун шогирд, фарзанд ва насли ояндасози миллати худ таълиму тарбия намудааст.
Яке аз шогирдонаш подполковники милитсия Бибихол Хушвахтова, ки айни замон ба ҳайси муовини сардори Шӯъбаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа менамояд, чунин иброз дошт: Ман аз муаллима Садбарг Набиева фазлу маърифат, поквиҷдонию масъулиятшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиро омӯхтам. Муаллима ҳамеша моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, тақозо мекард, ки илму дониш биомӯзем ва ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намоем.
Муаллима Садбарг Набиева зимни роҳбарии мактаб хешро ҳамчун шахси фаъол, кордон, ташаббускор нишон дода, нисбат ба худ ва тобеъон серталаб буд. Дар баробари беҳтар гаштани кори таълиму тарбия, ҳамчун сарвар ба корҳои беруназсинфии хонандагон, ширкати онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ, инчунин ба тарбияи омӯзгорони ҷавон ва ободии мактаб низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекард. Он солҳо робитаи мактаб бо падару модарон хеле густариш ёфта буд.
Дар давоми фаъолияти корӣ дар байни мардум маҳбубияти хоса пайдо намуда, чун муаллимаи пешқадаму ташаббускор, зани ҳалиму хоксор, модари мушфиқу ғамхор ва инсони некандешу некрой сазовори боварии халқ гардида, аз ҳавзаи рақами 172-и шаҳри Кӯлоб ба депутатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пешбарӣ гардид ва дар ду давр, аз соли 1971 то соли 1976 ва аз соли 1976 то соли 1980 намояндаи мардум дар парлумони замони Шӯравӣ буд.
Бузургон барҳақ фармудаанд:
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дустрӯ ҳар хонаро зебанда мегардад.
Барои хидматҳои арзанда дар тарбияи насли наврас ва рушди маорифи халқ бо ордени «Нишони фахрӣ», медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок» ба муносибати 100-солагии Владимир Илич Ленин ва Ифтихорномаҳою Раҳматномаҳо мукофотонида шудааст.
Садбарг Набиева фаъолияти пурмаҳсули худро то соли 1985 идома дода, баъд бо хоҳиши худ ба нафақа мебарояд. Ӯ мехост дар замони осоиштаи он даврон, дар ҳалқаи фарзандону наберагон дами беғам зада, таҷрибаи бою ғанӣ ва дониши солиёни зиёд андухтаи худро ба наздикону пайвандон омӯзонад, вале ин дер давом накард. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид намуда, ҳамаро сарсону саргардон ва парешону бехонумон гардонид. Ҳодисоти солҳои 90-уми қарни гузашта ба зиндагии ӯ низ таъсири худро расонида, хонаю дараш зери сел монданд. Ӯ бо аҳли оила ва фарзандону пайвандонаш дар як хонаи нимтамом ҷойгир шуда, бо мадади одамони накӯкор ва ёру дӯстон ин душвориҳоро паси сар намуд. Вале, боз ҳодисае рух дод, ки субҳи ӯро шаби тор гардонид…
Он шабу рӯз писари калониаш Нурулло Назарзода, ки он вақтҳо дар минтақаи Рашт фаъолият мекард, аз ҷониби гурӯҳи мухолифин гаравгон гирифта шуд ва ин ҳодиса ӯро афгору рӯҳафтода намуд. Шабу рӯз аз даргоҳи илоҳӣ илтиҷо мекард, ки писараш сиҳату саломат ба хона баргардад ва оқибат дуои модар мустаҷоб шуд. Бо мадади ҷавонмарди асил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафароне, ки дар гаравгон қарор доштанд, аз он ҷумла Нурулло низ аз дасти ин нохалафон озод карда шуда, сиҳату саломат ба хона баргаштанд.
Модар ин лаҳзаҳо даст ба дуо бардошта, аз самими қалб ба Пешвои миллати тоҷикон, марди бузургу некном ва Сарвари хайрхоҳу хайрандеш изҳори миннатдорӣ менамояд: «Худованди карим умри ҳазрати Хизрро атояш фармояд, ҳамеша сиҳату саломат ва абадан дар Тоҷикистон Сарвару Раҳбар бошад!».
Садбарг Набиева мисраҳои зеринро дар васфи Пешвои миллат барҳақу арзанда медонад:
Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми яздонӣ, ту меарзӣ.
Агар гӯем хизматҳои ту бемислу монанданд,
Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.
Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.
Ба шири модарат хурдӣ қасам: «Ман сулҳ меорам!»,
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.
Асосу Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ…
Дар он давраҳои ҳассосу хуношом ба давлати Афғонистон сафар кардану ба сари мизи гуфтушунид нишастан ва миллионҳо муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонидан худ қаҳрамонӣ буд ва сафари Президенти кишварро соли 1994 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба хотир оварда мегӯяд: Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоннисориҳо ва фидокориҳои худ миллати тоҷикро аз нобудӣ раҳонид ва давлати тоҷиконро поянда гардонид. Он лаҳзае, ки чархбол ба сарзамини Афғонистон фурӯд омад, ӯ ҳамчун шери жаён ба майдон сарбаландона ва қаҳрамонона қадам мезад, ман ба мисли ҳазорон модари муштипар оби чашм мерехтам». Чашмони модарро ашк фаро мегиранд ва ман барои аз хотироти талхи замони ҷанги шаҳрвандӣ баровардани ӯ лаҳзаҳои дигари фаромӯшнашанда, бо рутбаи баланди ҳарбӣ - генералӣ мушарраф гардидани писари дуюмӣ Қудратулло Назарзодаро ба ёдаш меорам.
- Қудратулло аз рӯзи аввал ба касби худ, яъне кофтукови ҷиноятӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногуни самти оперативӣ содиқона ба Ватан хизмат намуда, бо меҳнату заҳмати худ сазовори рутбаи генерал-майор гардид. Рӯзи 10-уми ноябр Иди касбии кормандони милитсия буд. Ин хабарро шунида, аз хушбахтӣ сарам ба осмон расид. Ман се сол боз ба шаҳри Душанбе, ки Қудратулло инҷо зиндагӣ мекунад, наомада будам, чунки саломатиам имкон намедод, вале он рӯз чи тавр аз Кӯлобшаҳр то Душанбе омадам, намедонам. Он рӯз хурсандиам ҳадду канор надошт, пайваста барои дастгирию ғамхориҳо ба Президенти азизамон Эмомалӣ Раҳмон дуои нек медодам, - изҳор медорад Садбарг Набиева.
- Чанде қабл хоб дидам, ки як мӯсафед омада, бароям як гарданбанд аз тангаи тилло тақдим намуд. Дар мобайн яктоаш доначин буд ва чунон медурахшид, ки… Аз ин хоб фоли нек гирифтам ва аминам, ки дигар писаронам низ соҳиби рутбаҳои баланди ҳарбӣ мегарданд.
Ҳамчунин ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори миннатдорӣ менамоям, ки таҳти роҳбарию ҳидоятҳои ӯ на танҳо писарони ман, балки ҳазорон нафар фарзандони сарсупурдаи ин миллату ин сарзамин ба Ватан-Модар содиқонаю софдилона хизмат намуда, саҳми худро дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ мегузоранд. Ман ҳамчун модар медонам, ки онҳо шабонарӯзӣ ба хизмати сангину заҳматталаб машғуланд, то ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, тинҷию амонӣ, пешравию тараққиёт ва дӯстию рафоқат танинандоз бошад, - афзуд дар идомаи сӯҳбат Садбарг Набиева.
Ин зани баруманду боҷасорат имсол ба синни мубораки 80 қадам мениҳад, вале дар сирату сурат ва замиру ботинаш ҳанӯз осори ҷавонӣ ҳувайдост, ки ин маро тасхир мекунаду ба андеша мебарад.
Ин аст, бузургии зан-модар, ки аз таҳдиду нокомиҳо, пастию баландиҳо, фарозу нишебиҳо ва пайроҳаҳои пурпечутоби зиндагӣ наҳаросида, мардонавор дар ҷодаи роҳи ҳаёт мушкилиҳоро паси сар намуда, инак дар ҳалқаи 7 фарзанд ва 42 набераву абера давлати пирӣ меронад.
Дар интиҳо аз ӯ орзую омолашро мепурасам. Бо чеҳраи кушода ва табъи болида изҳор медорад, ки ягона орзуям, ин осмону софу беғубор ва гулгулшукуфии Ватани азизамон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Саҳифаҳои зиндагии Садбарг Набиева саршор аз шуҷоату матонат, масъулияту садоқат ва самимияту истеъдод ба касби пешакарда, Ватан, миллат ва давлат мебошанд, ки аз тавоноию иродаи қавӣ доштани ӯ шаҳодат медиҳад. Ин гуна инсонҳо ҳамчун зан-модар намунаи ибрат, мояи ифтихору пайравӣ ва шоистаи таҳсину офаринанд.
Гул Маҳбуба. 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика