Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зан-модар тоҷи офариниш

Аҳсан ба занони тан ба тан истода,

Чун мард ба хизмати Ватан истода,
Бо ҳусни накуву меҳри беандоза,
Чун хирмани гулҳои чаман истода.
Аҳсан ба занони ҷон ба каф истода,
Дар ҳифзи Ватан сафи ба саф истода.

Таърих оинаест, ки буду набуди моро иникос менамояд ва вокеъиятро ба мо нишон медиҳад.
Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд зан-модар аст.
Зан-модар миллат ва ҷомеаро тарбия менамояд.
Ҳастии модар ҳама афзалиятҳои зиндагиро дар бар мегирад. Ба таъбири дигар Модар манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда ҷаҳонро бо назокату малоҳати худ руҳи тоза мебахшад.
Имруз занҳо дорои ҳуқуқу озодихоянд ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Дар замонаи кунунӣ иштироки занҳо дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ эхсос карда мешавад.
Дар ҷомеаи кунуни занони тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар сохторҳои мухталифи давлат фаолият мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки он кишвар ё ҷомеа, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медорад, ҳамон ҷомеа аз маданияту фарҳанги баланде бархурдор аст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз занон дар як саф бо мардон дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият намуда, дар баробари ба ҷой овардани рисолати модарӣ, инчунин дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас мегузоранд
- Рӯйи китфҳои нозуки ин бонувонро ҳам рутбаҳои баланди афсарӣ оро медиҳад;
- Онҳо низ масъули ҳифозати Ватан, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии рӯзгори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонанд;
- Онҳо шоистаи аҳсант мебошанд, чун дар баробари анҷом додани рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, кадбонуӣ, инчунин дар кушодани ҷиноятҳо, боздошти муттаҳамон, ҳалли ҳама гуна низоъҳо ва таъмини субот дар ҷомеа саҳми боарзиш доранд…
Ин аст, ки онҳо дар ҷомеа соҳибиззату обруманданд. Ин аст, ки раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамеша қадр мекунад.
Онҳо зиннатбахши хонадони худ ва таскинбахши дилҳои мардуманд ва бо як ҳисси эҳтирому рӯҳбаландӣ онҳоро Гурдофаридҳои замон меноманд.

Истора ба китфанду, маҳи хушназаранд.
Занҳои низомиянду моро сипаранд,
Ҳам боиси ифтихори халқу миллат,
Бедордиланду як ҷаҳони гуҳаранд.

Дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон феълан 147 нафар зани матину ҷасур кору фаъолият мекунанд. Аз ин шумора 68 нафарашон афсар ва 79-нафари дигар аз ҳайати қаторӣ мебошанд. Қисми зиёди бонувони шуҷоъ масъулияти роҳбарии шуъбаҳоро ба уҳда доранд.
Дар баробари мардон аз занони милитсия ҳушёрию чолокӣ талаб мекунанд. Ин, албатта, дуруст аст, чун корманди милитсия, новобаста аз зан ё мард буданаш, бояд дар боздошти ҷинояткорон ғаюру нотарс бошад ва барои таъмини амнияти мардум талош варзад.

Зи мушкилҳои дунёи натарсанд,
Саропо душмани ҷангу ҷиноёт.
Зи мақдамҳои онҳо гул бирезад,
Шавад аз хандааш хуршед эъҷод.

Қобили зикр аст, ки аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки солҳои тӯлонӣ ба халқу Ватани хеш садоқатмандона хизмат карда, дар ташаккул ва рушди ин сохтори муҳимми давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд, бояд ҳарчи бештар барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди милливу ватандорӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол истифода карда шавад.
Мардум дар симои милитсия намояндаи давлатро мебинанд ва ба онҳо бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамоянд. Ҷойи шубҳа нест, ки занон - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида сатҳи касбии худро мунтазам такмил дода, хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир дар баробари ҳампешаҳояшон Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта метавонанд.
Пӯшидани либоси низомӣ ва муҳофизу таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ муаррифӣ шудани занони милитсия боиси ифтихор аст. Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошту дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Дар ин росто, мо – занони милитсия ҳам худро масъули нигоҳдории сулҳу субот дар Тоҷикистони азиз мешуморем.
Мо ходимони милитсияи тоҷик посдории номи неку пояндадории кишварро дар фазои сулҳи ҳамешагӣ, дар пайи савганде, ки ёд кардаем, арҷгузорем ва кафили зиндагии осудаву оромии мардум ҳастем ва хоҳем буд.

Мо посдори номи нек, пояндадори кишварем,
Бонангу ору бошараф, бо ҳастиву пайванди худ.
Дар хизмати халқу Ватан истода бо ҷону дилем,
Содиқ бар савганди худ, содиқ бар савганди худ

Хонумзани милиса
Мисли баҳор зебо, хонумзани милиса,
Раънову нозу якто, хонумзани милиса.
Бо ин ҳама латофат, бо ин ҳама назокат.
Ҳаст ифтихори дунё, хонумзани милиса.

Ӯ модари гиромӣ, ӯ ҳамсари вафодор,
Пояндадори қонун, дар сахтӣ устувор.
Баҳри дифоъ зи миҳан бо ҷону дил ситода,
Осудагӣ бубахшад бар қалбҳои бемор.

Партавфишонӣ дорад рӯи дилаш муҳаббат.
Пайванд бо садоқат, пур аз сафову ҳиммат.
Мардона гом монад дар роҳи амни кишвар,
Баҳраш азиз мардум, баҳраш вафост қиммат.

Мисли баҳор зебо, хонумзани милиса,
Раънову нозу якто, хонумзани милиса.
Бо ин ҳама латофат, бо ин ҳама назокат.
Ҳаст ифтихори дунё, хонумзани милиса.
Офоқи Қодириён, подполковники милитсия  


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика