Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафоовар

Модар, фариштатинати ман, меҳрубони ман,
Оҳанги сад умеди ману достони ман.
Оҳангбастаи ману заҳматкашидаам,
Гулрези ошёни ману остони ман.

Таркам накун, алайҳи замони ғаниматат,
Эй, ҷони зиндагии ману ҷовидони ман
Дастам ба пичахои сафедат намерасад,
Пояндагии туст хама ормони ман.

Муҳточи як дуои сафоовари туям,
Ай, поки пок, отифаи хушбаёни ман.
Нурофарӣ ба олами зебои ботинам,
Мӯъҷизабахшу марҳаму ҳам роздони ман.

Ҳамсозу ҳамнавои манӣ, ай ягонаам,
Марҳам ба захмҳои дили хунчакони ман.
Дарки замона кардаву худро шинохтам,
Дар раҳми туст ҳосили сад имтиҳони ман.

Меҳрубон
Модар - баҳор мисли ту зебо аст,
Ҳарчанд меҳрбориву яктоӣ.
Ман аз сафои ҳусни ту менозам,
Ҷонам ҳалоки ин ҳама зебоӣ.

Он сабзае, ки сар бикашад ором,
Бар миҷахои чашми ту мемонад.
Ҳам булбуле ба шохи гуле бо завқ,
Афсонаҳои ишқи ту мехонад.

Дар осмони рушани бахти ман,
Аз хандаи лабони ту хуршед аст.
Оғӯши гарму нарми туро хоҳам,
Зеро, ки ошёнаи умед аст.

Модар бахор бӯи туро дорад,
Ҷонам ҳавои кӯи туро дорад.
Дил роҳат аз нумуӯ ту меҷӯяд,
Чашмам хумори рӯи туро дорад.

Модар
Модар, маро дар оғӯши гармат панаҳ бикун,
К-аз сахтии ҷаҳони фиребо шикастаам.
Пирам чу мӯйҳои сафеди ба ғам тарат,
Чун мардумони чашми намат ғусабастаам.

Дар бенавоиҳои шаби ҳасратам ба субҳ,
Ёди садои аллаи ту зинда дорадам.
Дастам бигиру дар дили танҳоиям намон,
К-оҳанги синасӯз ба ҳолам гузорадам.

Гарчи миёни ранҷи ману мо нишастаем,
Бо лутфи худ намой заволаш, ки доварӣ.
Оёти покии нафасам аз дуои туст,
Андешапарвариву азизиву дигарӣ.

Қурбони меҳри роҳнамоят, азизи ман,
Хуршеди бар сарам, ки маро хандаат бас аст.
Он охирин нафас, ки сари ҳар дуои туст,
Баҳри мани фитода ба поят муқаддас аст.
Офоқ 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика