Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.
Зан беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳодият карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик - ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Дар арафаи фарорасии Иди бонувон, ошноӣ пайдо намудан бо ҳаёту фаъолияти кории онҳо аз манфиат холӣ нест. Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона хизмат доранд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, имрӯз мо дар мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.
Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.
Мо метавонем номи чандин занони меҳнатқарине, ки дар ВКД ва хусусан дар Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашидаанд ва саҳми сазовори хешро дар ташаккули он гузоштаанд, ба забон орем.
Умуман занони тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.
Дар тӯли фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишвар, гарчанд ном ва сохтори он чандин маротиба иваз карда шуда бошад ҳам, вазифаҳои асосии бар души ин мақомот буда тағйир наёфта, аз ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адлу амнияти шахсӣ, пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо, ҳифзи моликияти шаҳрвандон аз сӯхтор иборат буд.
Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст. Илова бар ин, занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.
Дар байни сохторҳои қудратӣ шояд мақомоти корҳои дохилӣ бо доштани теъдоди зиёди занон фарқ кунад. Ва бояд қайд намуд, ки сафи занон дар мақомот рӯз аз рӯз боз ҳам зиёд шуда истодааст. Ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин намудани занони бомаърифату бофарҳанги тоҷик дар мақомоти корҳои дохилӣ тақозои замон аст.
Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гаштааст ва хело хуб амал дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад.
Зеро ба қавли Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад».
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
Боиси хурсандист, ки дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ низ, ки яке аз сохторҳои бонуфузи ВКД маҳсуб меёбад, теъдоди зиёди занон кору фаъолият доранд. Занони тоҷик имрӯз ба сифати радиоалоқачӣ, танзимгар, нозиру сарнозир, муҳандису сармуҳандис ва сардорони шуъбаҳои гуногуни Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ кору фаъолият доранд.
Маҳз занон дар хомӯш намудани саривақтии сӯхторҳо хизмати арзанда доранд, чунки аз сари вақт ба ҷои ҳодиса равон намудани мошину техникаи зарурӣ ва шумораи оташнишонҳо, тез ва бе талафот хомӯш намудани сӯхтор вобастагии калон дорад.
Боиси хушнудист, ки танзимгарон ва радиоалоқачиёни Сарраёсати оташнишонӣ, аз қабили Салима Қаландарова, Фирӯза Тағоева, Салима Азизова, Гулбаҳор Ғафурова, Тахмина Бобохолова, Дилором Равшанова ва чанде дигарон бори вазнини кори хадамотро, ки доимо дар ҳолати омодабош буданро талқин мекунад, бар китфи нозуки худ гирифта, баҳри осудагии кишвару миллат софдилона меҳнати шабонарӯзӣ мекунанд.
Интихоб намудани кадрҳо ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо аз кору фаъолияти шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ сахт вобаста аст. Дар ин ҷода саҳми подполковники хизмати дохилӣ Елена Полянская хеле назаррас аст. Маҳз ба шарофати кори оперативонаи духтарони котибот - Севарой Ҳакимова, Жанна Мазамбекова, Садбарг Қаландарова ва Гулбаҳор Раҷабова зери роҳбарии полковники хизмати дохилӣ Муқаддас Калонова тамоми ҳуҷҷатгузории сохторҳои СХДО ВКД дуруст ба роҳ монда шудааст. Зери назорати доимии сармуҳандисони шуъбаи нозиротӣ - ташкилии СХДО ВКД Шаҳригул Шарифзода ва Манижа Ахмадова, кори тамоми сохторҳо сари вақт ба нақшагирӣ ва тафтиш карда мешавад.
Бонувони шӯъбаи молия ва банақшагирӣ Сарраёсат Пиризода Раъно, Мақсуда Куканшоева, Сурайё Неъматуллоева ва Оксана Кожушко бошанд, баҳри сари вақт пардохтани маоши кормандон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Солҳои зиёдест, ки лейтенанти калони хизмати дохилӣ Шаҳодат Мавлонова роҳбарии Маркази таҷрибаи пешқадами хадамоти оташнишониро бар ӯҳда дорад ва шаҳрвандони ҷумҳуриро бо қоидаҳои асосии бехатарӣ аз сӯхтор шинос менамояд.
Маҳмадҷонзода Ҷамила аз озмоишгоҳи махсуси илмӣ-таҳқиқотии СХДО ВКД, Моҳира Шафоева ва Сафарбегим Ғуломшоева аз шуъбаи ҳамоҳангсозӣ ва фаъолияти мудофиаи гражданӣ, гулдухтарони Маркази таълимию Қисми махсуси минтақавии зудамал, қисми техникии Сарраёсат низ дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ доим фаъолу намуна мебошанд.
Хизматҳои Давлатзода Рухшона аз шуъбачаи иттилоотии СХДО ВКД дар ташвиқу тарғиби қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва кам гардидани шумораи ҳодисаҳои нохуши вобаста ба он хело ҳам назаррас мебошанд.
Саҳми занон – кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар, аз он ҷумла, соҳаи оташнишонӣ низ вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар таҳкими қонуният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ бузург аст. Гарчанде, ки мақомоти корҳои дохилӣ сохтори низомӣ буда, фаъолияти занон дар ин соҳа мушкилиҳои зиёде дорад, бо вуҷуди ин, занон дар баробари мардон дар вазифаҳои масъул софдилона ва содиқона хизмат карда истодаанд.
Шоирае ин мисраҳоро маҳз барои чунин занони оташниҳод навиштааст:
Ман занам, мавҷуди нозукпайкари оташниҳод,
Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам.
Ҳеҷ гоҳе бо таассуф бар забон н-овардаам,
Ки чаро аз ҷумлаи мардони майдон нестам…
Занони мақомоти қудратии кишвар бори дигар собит сохтаанд, ки аз мардони майдон ҳеҷ камие надоранд. Мегӯянд, ки зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонист. Маҳз ҳамин зан буд, ки дар ҳар як хонадон нуру сафо, аҳду вафо, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ва бахту саодат тантана намуд. Ҳаёт бо зан ширину гуворо ва дунё рангину пурҷилост. Зан офарандаи ҳаёту мамот ва зиндагист, зеро бе зан ҳаёт маъно надорад. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар байтҳои зер фармудаанд:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.
Занро ба оташ ташбеҳ додани бузургон беҳуда нест, чунки бе оташ ҳарорату гармӣ ва нуру равшанӣ аслан вуҷуд надоранд. Маҳз ҳамин оташ аст, ки бо сӯзиши хеш қалбҳоро мунаввар месозад. Дар фароварди андешаи иброз шуда, аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми бонувони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дар симои онҳо тамоми занони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои қудратии кишварро бо Иди Модарон - 8 Март табрик намуда, барояшон пеш аз ҳама хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, сиҳативу саломатӣ, хотири ҷамъ ва дили беғаму осоиштагиро таманно дорем.
Зиҳӣ зани тоҷик, ки имрӯз баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолият дориву пирӯзӣ насибат гардид!
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, кормандони СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>