Ҳар як шахси аз пешаи рӯзноманигорӣ воқиф ва соҳибтаҷриба аз фаъолияти котиби масъул бохабар аст. Медонад, ки вай пуркортарин корманди нашрия буда, навиштаҳои на ҳар як хабарнигор ва шахсони мақоланавис ба ӯ писанд меоянд. Барои ҳар як шумораи ҳафтаномаро тарҳрезӣ намудан котиби масъул соатҳо ба фикр ғӯтавар мегардад, мақолаҳоро гаштаю баргашта мехонад, таҳриру гурӯҳбандӣ менамояд, дар кадом саҳифаи рӯзнома, аз тарафи чап ё рост, дар боло ё поён ҷой доштанашро муайян ва аниқ месозад. Яъне, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷойи кор бо фароғат чой нӯшида, дами беғам намезанад. Ҳамеша дар сари вай андешаи хонданибоб кардани шумораи навбатист. Чунин шахс, ки солҳои зиёд дар идораи ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ дорад, Умед Очилов (У. Олим) аст.
Ба ҳама серкории худ нигоҳ накарда, боз вақт пайдо менамояду мақола менависад, мусоҳиба анҷом медиҳад, барои саҳифаи 16-уми ҳафтанома, ки худ масъулаш ҳаст, шеърҳои пандуахлоқии шоирони забардасти тоҷикро пайдо намуда, рӯйи чоп меорад, ки ин тақвиятдиҳандаи гуфтаҳои мост.
Дар тӯли панҷ соли ҳамкорӣ бо ин нашрияи соҳавӣ Умед Очиловро ҳамчун ҷавони ватандӯст ва масъулиятшиносу поквиҷдон, хабарнигори ҳалолкор ва ба ҳайси котиби масъул хуб омӯхтаам. Вай ҳарчанд шахси камсухан аст, ба заҳмати ҳампеша дар ҳама ҳолат баҳои арзанда медиҳад. «Дар ҳақиқат ба кори ҳафтанома ба ҳайси котиби масъул гирифтани Умед Очилов як бозёфти тоза гардид», - мегӯяд бо ҳисси ифтихор сардабири ҳафтанома, полковники милитсия Ҳасан Шерализода дар нисбати ӯ. Албатта, то ба ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» омадан, Умед дар радио ва матбуоти даврӣ фаъолият намудаву таҷрибаи бойи журналистӣ дошт. Мавсуф хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошад. Аммо ин чиз низ ба ҳама маълум аст, ки на ҳама хабарнигорон бори вазнини ҳафтаномаи соҳавиро, ки тарзу усули нонавиштаи худро дорад, бардошта метавонанд. Хушбахтона, Умед зуд талаботи ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа»-ро омӯхт, худро ба он мутобиқ сохт ва имрӯзҳо мақолаҳояш дар самтҳои гуногуни фаъолияти хизматӣ, оперативӣ, пайраҳадорӣ мунтазам ба табъ мерасанд, ки хеле хонданибоб мебошанд.
Як хусусияти эҷодии Умед дар он аст, ки ӯ мавзӯи ёфташударо то ба охир ҳал мекунад. Агар бо як мақола навиштан орзуяш ҷомаи амал напӯшад, бори дуюму сеюм ба он мавзӯъ даст мезанад.
Муаллиф дар ҳар як мақолаю мусоҳиба сабаб ва проблемаҳои мавҷудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён месозад. Вай бештар дар навиштаҳояш ба таҷрибаи бойи кормандони куҳансол, мутахассисони варзида, олимону роҳбарони корро медониста такя мекунад. Ҳар як мақолаи навиштааш проблемавӣ ва ҳаётӣ буда, аз тахаюлоти рангин, ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Ӯ мавзӯи интихобкардаашро тавре меомӯзад ва ба қалам медиҳад, ки гӯё мутахассиси варзидаи мақомоти корҳои дохилӣ бошад.
Фаъолияти эҷодии Умед Очилов барои донишҷӯёни факултаи журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳо ва Академияи ВКД маводи фаровон медиҳад. Вай бар замми сермаҳсул будан, пухтакор низ мебошад. Ҳар як мақолаашро гаштаю баргашта мехонад, таҳрир мекунад, сипас ба чоп пешниҳод менамояд. Ӯ ҷӯянда аст, ки ҷӯяндагӣ хислати асосии рӯзноманигори асил аст. Агар рӯзноманигор ҳамин хислатро надошта бошад, зуд аз саҳнаи журналистӣ ба паси пардаи фаромӯшӣ меафтад ва ҳаёт бисёр чунин ҳодисаҳоро дидаю собит сохтааст.
Як сабаби зуд дар байни коллективи ҳафтаномаю хонандагони сершумор боиси гуфтугузор гардидани нақши қалами Умед Очилов дар содданависии навиштаҳои ӯст. Умуман, вақте ки кас бо эҷодиёти қаҳрамони матлаби мо шинос мегардад, зуд пай мебарад, ки ба навиштани ҳар як мақолаи хурду бузург бе мақсад даст назадааст. Яъне, ҳар як маводи эҷоднамудаи ӯ ба ҳалли масъалае равона шудааст.
Дар охир, мо - алоқамандони эҷодиёташ, ба Умед Очилов ва аҳли эҷоди ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа», ки оинаи Вазорати корҳои дохилист, таманно дорем, ки бигзор илҳоми эҷодиашон саршор аз муҳаббат ва садоқат ба миллату давлати худогоҳу ватандӯст ва мизи кориашон доимо аз коғазҳои тоза ва аз навиштаҳои пурмазмун пур ва паҳну парешон бошанд.
Файзалӣ ҚОСИМОВ, корманди Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>