Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаби эҷодии сарояндаи хушовоз Ҷамшед Низомов дар ВКД

Ҷамшед Низомов дар мавзӯҳои Ватан, модар ва зебогиҳои диёр сурудҳои ҷолибу хотирмон сароида, хотири мухлисони сершуморашро болида гардонид.

Сурудаҳои Ҷамшед пур аз таровату нафосати фасли баҳор буда, ӯ ҳозиринро бо сурудҳои «Бишнав», «Азизи дил», «Моҳи тобон», «Ҳифзи Ватан» ва дигар таронаҳои дилошуб ба ваҷд овард.

Ҷамшед Низомов аз рӯзе ба дунёи ҳунар ворид шуд, пайваста бо таронаҳои дилангези меҳру вафо, сидқу сафо ва аҳду паймон ба дили мухлисонаш роҳ ёфт.

Дар шаби эҷодии Ҷамшед Низомов, ба ҳайси меҳмон овозхони ансабли «Дарё» Парвинаи Муҳаммадёр, фарзандаш Абдулҳафиз Низомов ва сарояндаи тавоно Абдулхайри Мумин баромад намуда, бо сурудҳои наву ҷолиб хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Мавриди қайд аст, ки Ҷамшед Низомов аз соли 2006 дар ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намуда, рутбаи низомиаш капитани милитсия мебошад.

Мавсуф тӯли фаъолият дар ансамбли «Сипар-и ВКД бо суруду таронаҳояш дар баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии кормандони ҷавони мақомот ва сарбозони қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ саҳми арзанда гузошта, аз ҷониби роҳбарият бо медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шудааст.

Дар хотимаи шаби эҷодии Ҷамшед Низомов, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи ҳайати эҷодии ансамбли «Сипар» барои барномаи рангини консертӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар ҷодаи эҷоду ҳунар парвози баланд таманно намуд.

Гул Маҳбубахон.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика