Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои солинавӣ

 

Чунин як чорабинии фараҳбахш дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе низ бо иштироки фарзандони кормандони милитсияе, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба шаҳодат расидаанд ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки имрӯз адои вазифа менамоянд доир гардид.

Дар ин чорабинии идона зиёда 350 нафар чунин кӯдакон иштирок намуда, бобои барфӣ ва барфак бо барномаҳои консертиву ҳаҷвӣ хотири онҳоро шод намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

 

 

Саволу ҷавоб, бозиҳои идона, ҳазлу шӯхӣ ва сурудхониҳои наврасон ин чорабиниро боз ҳам шавқовар намуда, ба он шукӯҳи хоса зам намуд.

 Дар охири  ин ҷашни идона ба кӯдакон хӯроки гарм ва тӯҳфаҳои идонаи солинавӣ тақдим карда шуд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика