Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАБРИКОТ

Бояд гуфт, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз пеш аз ҳама ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат ва фаъолияти шабонарӯзии хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марбут аст. Аз ин рӯ, дар чорабиниҳои ҷашнии сатҳи гуногуне, ки дар соли 2012 дар саросари кишвар гузаронида шуданд, кормандони милитсия ҳангоми баргузории онҳо баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва меҳмонон-иштирокдорони ин чорабиниҳо хизмати арзанда намуданд. Ҳамин аст, ки дар маҷлису ҷамъомадҳои ҳукуматӣ, ки бо иштироки Сардори давлат баргузор гардиданд, Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти назарраси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ баҳои баланд дод. Ин баҳои додаи Роҳбари давлат мову шумо, ҳомиёни ҳуқуқу тартиботро вазифадор мекунад, ки дар фаъолияти фаврӣ-хизматӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ба даст оварда, аз ин ҳам бештар боварии халқу давлатро сазовор гардем.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ барои тинҷу ором ва дар фазои идона гузаштани чорабиниҳое, ки дар Соли нави 2013 баргузор мегарданд, аз имрӯз омодагӣ мебинанд. Боварӣ дорем, ки рӯйдодҳое, ки дар соли оянда дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азиз баргузор мегарданд, чун ҷашну маросимҳои соли 2012 дар хотири мардум то дер нақш мебанданд.

Бо ҳамин орзуҳои нек кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорони милитсия, наздикону пайвандони онҳо ва тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро бо фарорасии соли 2013 аз самими дил муборакбод гуфта, ба онҳо дар Соли нави мелодӣ рӯзгору тинҷу ором ва дастархони пур аз нозу неъматро таманно мекунам. Бигзор Соли нав бо қадами хуҷастааш кошонаҳои ҳар яки моро нуру зиё бахшад.

Иди Соли нав муборак, ҳамкасбони азиз!




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика