Чандин асрҳо қабл ниёгони мо ба суннати фарҳангие асос гузоштанд, ки баёнгари пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва тантанаи покиву садоқат ва тозагиву озодагии инсонӣ мебошад. Дар байни ниёгонамон расми хубе роиҷ буд, ки айёми наврӯзӣ хусумату кинаро аз қалбҳо берун меандохтанд ва дасти нотавону дармондагонро мегирифтанд. Мардум ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав ва эҳёи табиату замин аст, манзилу кошонаи худро тозаву озода ва кӯчаву хиёбонҳоро бо ниҳолу гулбунҳо обод мекарданд. Деҳқони ризқофарин дар айёми Наврӯз ба сари замини саховатбахш омода, онро ҷуфт мекард ва ба он тухми умед мепошид.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукуҳу ҷалоли бештар мегирад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат ҳар хонадони кишвар пур аз шодиву фараҳ мегардад ва марди деҳқон мисли пештара ба замин донаи умед мепошад.
Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад. Ба муносибати фарорасии Наврӯз аз рӯи анъана ва суннатҳои қадима мардуми тоҷик беш аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайр мезананд. Андарзи ҷовидонаи ниёгони башардӯстамон – «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дар тӯли таҳаввули таърихии халқи мо ҳамеша парчами кору амал будааст. Зеро фарҳанг ва тамаддун умуман, аз ҷумла фарҳанги Наврӯзи оламафрӯз, хислату ҷавҳари инсонсоз дорад.
Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи Аҷам ҳаргиз тасодуфӣ нест. Ин иқдоми муҳим на фақат дар рушди тамаддуни муосир фоли нек аст, балки гувоҳи он мебошад, ки имрӯз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврӯзӣ ниёз дорад.
Халқи тоҷик дар пайравӣ ба пешиниёни хеш суннатҳои аҷдодиро гиромӣ медоранд. Бинобар ин ҳар сол Наврӯзи нозанинро бо шукуҳу азамат ва бо расму оини ниёгонии худ ҷашн мегиранд.
Тавре аз баромади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Иди Наврӯз, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шӯкуҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки замин ба меҳвари хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро роҳу равони тозае бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад».
Наврӯз хусусияти деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Имрӯзҳо баҳри мутантан таҷлил намудани иди Наврӯзи Аҷам дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ омодагиҳо идома доранд. Вобаста ба ин ҷашни бузург дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он низ чун анъана дар рӯзҳои гарму офтобӣ шанбегиҳо оид ба ободонию кабудизоргардонӣ, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ бо маром гузаронида шуда истодаанд. Ҳамчунин ташкил ва баргузории семинарҳои илмӣ доир ба таърих ва аҳамияти Наврӯз, мулоқоту вохӯриҳо ва доир кардани лексияҳои тарбиявӣ дар бораи анъанаҳои наврӯзӣ ва Ваҳдати миллӣ, мувофиқи нақша ҷараён доранд.
Боиси тазаккур аст, ки аз Наврӯзи соли гузашта то ба Наврӯзи имсола дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он навгониву дастовардҳои зиёде ба амал омадаанд, ки ин ҳама аз натиҷаи кушишу талошҳои бевоситаи роҳбарияти Сарраёсат, дар пайравии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мебошанд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ ва дар маҷмуъ кулли мардуми шарифи ҷумҳуриро бо фарорасии иди бостонии байналмилалӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барояшон тани сиҳат, бахту саодат, зиндагии осуда, файзу баракати наврӯзӣ ва сарсабзиву комёбиҳо таманно менамоем.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>