Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума рӯзноманигорони варзида Умед Очилов ва Наврӯз Ҷобировро дар ҳузури ҳайати шахсии Маркази матбуот, сомонаи расмии ВКД ва ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» ба ин муносибат табрику муборакбод намуд.
Мавриди қайд аст, ки кормандони ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар инъикоси фаъолияти рӯзмарраи мақомоти корҳои дохилӣ ва навиштани хабару мақолаҳои доғи рӯз ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.
Гул Маҳбуба.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>