Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи консертии Амрохон Раҳимов дар Рӯзи Модарон

Дар маҳфили фарҳангӣ барои шунидани сурудҳои ин сарояндаи шинохта мухлисони зиёде, алалхусус занону модарони азиз омада буданд. Сурудҳои маҳин ва тозаэҷоди Амрохон Раҳимов, ки аксаран дар васфи зан - Модар, муҳаббати беканори ӯ бахшида шуда буд, бо як накҳат ва дилошӯбӣ дили ҳамагонро тасхир намуд.

Воқеан ҳам, зан – Модар таровату баҳори ҳаёти инсонро ба дунё меорад, чуни фасли баҳор ба кас шукуфонию рангорангӣ мебахшад.   Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқатро дар дилҳо парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои пояндагии оила, ҷомеа ва давлат метапад ва ин аст, ки дар васфи онҳо шеъру суруд бахшиданҳо кам аст.

Дар анҷоми чорабинӣ сардори Раёсати кадрхо ва кор бо хайати шахсии ВКД полковники милитсия Абдурахим Рахимзода ба муносибати консерти идона ва сахми арзанда гузоштан дар таргибу ташвики фарханги миллӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Амрохон Раҳимов медали «Милитсияи Тоҷикистон»-ро супорид. 

Х. Солиҳов


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика