Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз лоиҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ

521

Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи иттилоотию таблиғотие, ки оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Ҷопонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) ташкил карда шуда буд, ба анҷом расид. 

Мақсади лоиҳаи мазкур баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ буда, дар ин самт корҳои васеи ташвиқотиву тарғиботӣ оид ба бехатарӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронида шуд.
Аз ҷумла, бо мақсади риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ва ронандагон видеороликҳои тарғиботӣ дар мавзӯъҳои “Суръатнокӣ”, “Истифодаи телефони мобилӣ” ва “Гузаргоҳи пиёдагард” ба навор гирифта шуда, онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ манзури шаҳрвандон гардонида шуданд.
Дар робита ба ин, дар барномаҳои радиои “Ховар”, “Азия-плюс” ва “Ватан” силсилабарномаҳо дар мавзӯъҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ пешкаши шунавандагон гардонида шуданд.
Варақаҳои иттилоотии тарғиботӣ низ бо забонҳои тоҷикӣ барои ронандагон, волидон ва кӯдакону наврасон таҳия ва чоп карда шуда, ба тамоми минтақаҳои кишвар ирсол карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони БДА дар байни ронандагон ва пиёдагардҳо истифода бурда шаванд.

522

Дар доираи лоиҳа, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни беҳтарин шиорҳо (слоган) дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ эълон карда шуда буд, ки 5 нафар ғолибон бо туҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида шуданд.
Натиҷаҳои лоиҳа 3-юми апрели соли равон аз тарафи муовини аввали сардори РБДА Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон, полковники милитсия Сафарзода Мирзо Нуралӣ бо роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Хидеки Танабе муҳокима ва баррасӣ карда шуданд.
Гузаронидани ин маъракаи иттилоотӣ барои ман бори аввалин аст, аммо ман фикр мекунам, ки дар оянда он саҳми бузургеро дар гирифтани пеши роҳи садаманокӣ ва баланд бардоштани сатҳи маданиятнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегузорад, чунин қайд намуд, Хидеки Танабе, - Роҳбари Агентии Ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Инчунин, Хидеки Танабе барои дастгирӣ ва расонидани ёрии амалӣ ҷиҳати бомуваффақият анҷом додани лоиҳаи мазкур ба роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон изҳори сипос кард.

523

Дар хотимаи вохӯрӣ, муовини аввали сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Сафарзода Мирзо Нуралӣ аз номи роҳбарияти Раёсати БДА ба масъулини ин барнома барои гузаронидани чунин маъракаи иттилоотӣ, ки баҳри паст намудани сатҳи садаманокӣ дар роҳҳои автомобилгард саҳми назаррас мегузорад, арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки дар оянда низ ҳамкориҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика