Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

212

Рӯзи 25-уми июни соли равон, дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе даври 9-уми озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии он роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати БДА, дастаҳои иштирокчии озмун ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори РБДА генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс оғоз намуда, зикр кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ба пешравию дастовардҳои нав ба нав ноил гардида, рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст. Соли нӯҳум аст, ки дар ин кишвари азизу маҳбубамон бо дастгирии роҳбарияти ВКД озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» гузаронида мешавад.
- Имсол низ озмуни навбатӣ дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор мегардад, ки боиси сарфарозист. Итминон дорам нозирони наврас дар навбати худ миёни ҳамсолон дар тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ, ки бо иштироки наврасон содир мешавад, саҳми худро мегузоранд, - афзуд сардори раёсат ва ба дастаҳои иштирокчӣ муваффақият таманно намуд.

213214215216

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» 13 даста бо иштироки 130 нафар нозирони навраси ҳаракат аз Муассисаҳои таълимии Мактаб-интернати №1, гимназияҳои №1 ва №74-и шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Левакант, литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ ва Рӯдакӣ иштирок доранд.

Иштирокчиён аз рӯйи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Дарси кушод», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Малакаи касбӣ» ва дигар бахшҳои озмун миёни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама хуб ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни ноболиғону наврасон, омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби наврасон мебошад.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика