Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиноснома ва афзалияти он ҳамчун ҳуҷҷат

176Шуруъ аз 27-уми декабри соли 1932 рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳамчун Рӯзи касбии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ шинохта шудааст. Ба муносибати рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ дар толори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ ва конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таърихи шиносномадорӣ ва афзалияти он ҳамчун ҳуҷҷат» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии дастгоҳи Раёсат, сардорони хадамотҳои шиносномавии шуъбаҳои ВКД, собиқадорони соҳа, омӯзгорони факултети 4-уми Академияи ВКД ҷараён гирифт.177

Сардори хадамот полковники милитсия Ҳайдарзода Бахтиёр Ҷаббор чорабинии ҷашниро оғоз бахшида, ҳадафи онро таҷлил аз рӯзи касбӣ, огоҳӣ ёфтан аз таърихи шиносномадорӣ, қадршиносии хизматҳои арзандаи ҳайати шахсӣ дар иҷрои рисолати хизматӣ, муқоисаи вазъи кунунии хизматрасонӣ бо гузаштаи таърихӣ, омӯзиши таҷрибаи собиқадорон ва баланд намудани малаки касбии ҳайати шахсӣ унвон кард.
180Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бо маърузаи табрикотӣ баромад намуда, аз номи роҳбарияти вазорат кормандони хадамотро таҳният ва дар иҷрои рисолати касбӣ ва хизмат ба халқ, соҳибҳуҷҷат гардонидан, баланд намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба риояи реҷаи шиносномадорӣ, бақайдгирӣ ва назорати буду боши шаҳрвандон комёбии хизматӣ таманно намуд. Таъкид гардид, ки шиноснома ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ мебошад, ки заминаи ҳуҷҷатгузориро гузошта дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеъи ҳалкунанда дорад.178
Дар рафти ҷамъомад ба фаъолияти намунавӣ, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳ карда шуда, кормандони фаъоли хадамот бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои сардори Раёсат ва собиқадорони соҳа бо Сипонома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд.
179Дар қисмати илмии чорабинӣ сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети чоруми Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Ҳоҷибобо Зафар Муҳаммадзода дар мавзӯи «Таърихи шиноснома то давраи Истиқлолият ва баъди он» маърӯза намуда вобаста ба таърихи пайдоиши аввалин паспорт, намуду намунаҳои он, афкори назариявӣ - ҳуқуқӣ оид ба шаҳрвандӣ, вазъи ҳуқуқии шахсони бетабаа ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сарчашмаҳои илман асоснок ба ҳозирин маълумот дод. Иттилои назариявӣ дар хусуси шиноснома дар ҳақиқат ҳуҷҷати асосии тасдиқкуннадаи шахсият ва мансубият ба шаҳрвандии давлат доштани дорандаи ӯро фаҳмонида ҷаҳонбинӣ ва маълумотнокии аҳли нишастро дар мавзуи мазкур боз ҳам васеъ намуд.181
Ҳамчунин собиқадорони соҳа аз таҷрибаи кории худ вобаста ба таҳияи шиноснома дар солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ, ҷараёни ивазнамоии шиноснома бо намунаҳои нав гуфта, насли ҷавонро ба хизмати содиқона ва хушмуомилагӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳидоят намуданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика