Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содиқона ва беғаразона адо намудани хизмат ба Ватан

11

Муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Ҳукуматулло Зикрулло, бинобар сабаби расидан ба синни нафақа, аз тарафи роҳбарияти раёсати мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд, ки минбаъд ба ҳайси собиқадор ба кормандони ҷавон таҷрибаи хешро меомӯзонанд.12
Ҳаёту рӯзгори муҳтарам Ҳукуматулло Зикрулло чун як шахси содиқ ба Ватан, донишманд дар касби пурифтихор, дар ҷодаи интихобкардааш, ҳамеша барои ҳамкоронаш намунаи ибрат аст, ки солҳои зиёд хизмати халқу Ватани азизро содиқона ва беғаразона адо намудааст.
Дар давраи фаъолияти корӣ дар ҳамаи вазифаву мансабҳои ишғолнамудааш худро ҳамчун мутахассиси соҳибистеъдоди соҳа нишон додааст.
13Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор карда, ҳамеша расидан ба қадри Ватан, меҳнати ҳалол, донишомӯзӣ ва хушмуомилагиро ба кормандон талқин мекард.
Рафтори шоиста ва корҳои намунааш, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамин аст, ки ҳаёти инсонҳои тозакору сарсупурда дар касбашон, ҳамеша чун намунаи барҷаста айён асту соҳиби иззату эҳтиром мебошанд.
Рӯзу рӯзгор ва кору фаъолияти ин шахси кордон, низ дарбаргирандаи ҳамин махсусиятҳост.

 

Ба муҳтарам Ҳукуматулло Зикрулло аз номи роҳбарият ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон, тансиҳатии ҳамешагӣ, саодати рӯзгор ва умри дарози пурбаракат орзу менамоем.
Офоқ Қодириён полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика