Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поси хотири генерал-майори мустаъфии милитсия шодравон Темурҷон Раҳимбоев

218

Рӯзи 25-уми октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати 75-умин солгарди мавлуд ва гиромидошти хотираи генерал-майори мустаъфии милитсия шодравон Темурҷон Раҳимбоев маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар маросими поси хотир роҳбарияти Раёсат, ҳайати шахсӣ, собиқадорони мақомот, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шогирдону пайвандон иштирок доштанд. Ин чорабинӣ бо ташаббус ва пешниҳоди Шӯрои созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки бо қарори МИҲД вилоят тасдиқ шудааст, ҳамчун рамзи эҳтиром ба шахсияти собиқадори хизматнишондодаи милитсия Темурҷон Раҳимбоев баргузор гашт.

219

Ҷоиз ба зикр аст, ки генерал Т. Раҳимбоев аз зумраи кадрҳои маҳаллии милитсия дар даврони Тоҷикистони шӯравист, ки давоми солҳои 1969 - 1997 аз корманди қаторӣ то ба зинаҳои баланди роҳбарикунанда, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, сардори РКД ва муовини вазири корҳои дохилӣ ба камол расидааст. Нафарони зиёд аз ҳамкор ва шогирди ӯ будан ифтихор дошта ба ҳайси устоди роҳнамо эҳтиромаш менамуданд. Риштаи умри ин марди наҷиб дар натиҷаи садамаи фоҷиавии тайёра канда шуда, кору амал ва эҳтироми мавсуф натанҳо дар хотираи ҳампешагону пайвандон, балки ҳамчун корманди содиқ ба Савганд ва баландрутбаи мақомоти милитсия дар дилу дидаи халқ, бахусус сокинони шаҳри Хуҷанд нақш бастааст. Маҳз ба ҳамин хотир дар вақти дар қайди ҳаёт будан Темурҷон Раҳимбоев «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»-ро сазовор гардида буд.

220

Ҷаласаи тантанавиро бо маърӯза аз ҳаёт ва фаъолияти хизматии шодравон генерал-майори милитсия Т.Раҳимбоев, муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Музаффар Ализода ифтитоҳ намуда, дар идома ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандони Т.Раҳимбоев бо ёдоварӣ аз кору пайкор хотираи ӯро пос доштанд. Қайд карда шуд, ки оромӣ ва осоиштагӣ дар Тоҷикистони маҳбуб натиҷаи заҳмати ҳамингуна афроди масъулиятшинос аст, ки дар таърихи Ватан номашон абадӣ сабт гаштааст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика