Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назаре ба хизматҳои шоёни собиқадори милитсияи тоҷик

Ӯро дар ҷумла қаламрави ин марз чун Дадохони милитсия мешиносад. Зеро аз ибтидои соли 1951 то 1983 ҳама кӯчаву паскӯчаҳои шаҳру деҳотро пиёдаву аспсавор тай намуда, бо хурду бузург ошно гардидааст.

147148149

Дадохонамак Муҳиддинов фаъолияти кории хешро аз шогирдӣ дар артели «Болшевик» шурӯъ намуда, соли 1944 ба адои хизмати Ватан-Модар камар бастааст. Соли 1950 баъди шаш соли хизмат ба зодгоҳаш ба деҳаи Тошлоқи ҷамоати Пӯлотон бармегардад. Дар соли1959 бо ҳидояти шодравон, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии шаҳри Конибодом Иброҳимов Мараҷабамак бо рутбаи сержанти хурд ва ёвари нозири минтақаи ҷамоати Патар ба фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ шурӯъ менамояд. Минбаъда дар ҷамоатҳои Лоҳутӣ, Ортиқов ва Пӯлотон барои ҳифзи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷиноякорӣ шабу рӯз заҳмат кашидааст. Дар баробари ин мактаби махсуси милитсияи шаҳри Тошкант ВКД ИҶШС-ро хатм намуда ба ҳар вазифае сафарбар мешуд, онро сарбаландонона иҷро менамуд. Барои хизматҳои шоиста ва софдилона дар рӯҳияи тарбияи ватандӯстӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД РСС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Соли 1974 ба китоби фахрии Вазорати номбурда дохил гардидааст. Дар соли 1977 барои ошкор намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бо ордени «Ситораи Сурх» мукофонида шудааст.
Дар раванди пешбурди фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ӯ сазовори медалҳои ҷашнӣ 30 ва 40 солагии Ғалаба дар Ҷангӣ Бузурги Ватанӣ, 50-солагии милитсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо медалҳои «Барои хизмати шоён» дараҷаҳои 1 ва 3 ва ду маротиба бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» гардидааст.
Аълочии милитсия Дадохонамак Муҳиддинов дар навбати хеш шогирдони зиёдро тарбия намудааст, ки онҳо Холбоев Боҳирҷон, Иброҳимов Исроил, Кимсанов Юнусалӣ, Раҳмонов Оқйул ва бисёр дигарон дар навбати худ ба дараҷаи устодӣ расиданд.
Ман шоҳиди гуфтаҳои мардуми шуҳратманди шаҳри Конибодом мебошам. Соли 1985 пас аз хатм намудани мактаби махсуси милитсияи шаҳри Душанбеи ВКД ИҶШС бо роҳхат ба кор ба ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом ба вазифаи нозири минтақавӣ таъин шудам. Дар рӯзҳои аввали фаъолияти хизматиям бо тасвияи муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом Қаюмов И. ба назди нафақахӯри милитсия сокини деҳаи Қарақчиқум Раҳмонов Оқйул рафтам ва бо минтақаи маъмурӣ аз наздик шинос шудам.
Зимни шиносоӣ ва дар вақти сӯҳбат он кас аз ман ҷойи истиқоматамро пурсон шуд. Ман гуфтам аз деҳаи Тошлоқ ҷамоати Пӯлотон мебошам, пас аз ин сӯҳбати мо дигар ҷараён гирифта, аз суханони ин марди зиндадил маълум намудам, ки он кас яке аз шогирдони Дадохонамак Муҳиддинов будааст. Ба ман оид ба фаъолияти шоистаи устодаш, рафтору кирдори инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ба халқи ин деҳа нақл намуд.
Минбаъд дар фаъолияти хизматиям аз мардуми ин деҳа ҳамарӯза нисбати устод суханҳои нек мешунидам ва дарси хирадмандонро рӯз ба рӯз азхуд намуда сармашқи фаъолиятам меҳисобидам. Ҳамзамон пиру барно ва зиёиҳои ин минтақаи хизматӣ ба ман доим панду насиҳат менамуданд, ки давомдиҳандаи кори ин марди бузург бошам. Он солҳо дар вақти вохӯрӣ ӯ дар қатори дигар шогирдонаш ва кормандони милитсияи шаҳри Конибодом аз ман ҳамеша аз тинҷиву оромӣ ва осудагии мардуми ин деҳа ва шаҳру ноҳия пурсон шуда, маслиҳатҳо ва насиҳатҳои падарона мекард.
Имрӯзҳо Дадохонамак Муҳиддинов ба синни мубораки 95-солагӣ расида, соҳиби 8 фарзанд, 36 набера, 39 абера ва 3 чабера мебошад ва бо чеҳраи шукуфон худро дар атрофи пайвандону наздикон, яъне нафарони хушбахти ояндаи миллати Тоҷикистон бардаму солим эҳсос менамояд.
Собиров И.Ғ., сардори кафедраи ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика