Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди дурусти касбомӯзии ҷавонон

Ба хотири пешгирӣ намудани амалу рафторҳои ношоиста миёни ноболиғону ҷавонон кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД пайваста чораандешӣ мекунанд. Аз ҷумла, чунин як чорабинии мақсаднок дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб» гузаронида шуд. Боиси тазаккур аст, ки ҳангоми баргузории рейди кормандони шуъбаи ҷавонони РОПҲНҶ ВКД ягон ҳолати вайрон намудани талаботи таҳсил дар ин таълимгоҳи касбӣ ба қайд гирифта нашуд. Рафтуомади толибилмон ба мактаб ва риоя намудани соати дарсӣ аз тарафи онҳо низ дар сатҳи зарурӣ иҷро карда мешавад.

Кормандони милитсия ба маъмурияти ин муассисаи касбомӯзӣ барои дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондани кори таълиму тарбия изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин, зимни суҳбат оид ба риояву иҷро намудани талаботи қоидаҳои беҳдошт, фосилаи байниҳамдигарӣ ва гигиенаи шахсӣ низ ибрози андеша карда шуд.
Тавре қайд гардид, ҷавонон, аз ҷумла толибилмони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён қисми пешқадами ҷомеа буда, дар ҳама кор бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Хусусан, дар шароити имрӯз, ки давраи пешрафти босуръати илму техника мебошад ва ба тамоми аҳли ҷомеа, алалхусус ба ин қишри пешоҳанг зарур аст, ки ҷиҳати аз худ намудани донишҳои замон ҳамеша ҷаҳду талош дошта бошанд. Яъне, ба таври дигар, онҳо бояд ташаббускор бошанду дар тамоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон аз худ маҳорати баланди кордонӣ нишон диҳанд.
Масъулини Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб зикр намуданд, ки дар таълимгоҳи мазкур 53 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба таълиму касбомӯзии 456 нафар хонандагон машғул мебошанд. Ин муассиса дорои синфхонаҳои бо асбобу анҷомҳои айёнии таълим муҷаҳҳаз буда, хонандагон ҳангоми машғулиятҳо аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Асбобу анҷомҳои мавҷуда доимо дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта, бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мебошанд.
Дар доираи ин чорабинии пешгирикунанда вобаста ба мушкилоти имрӯзаи ҷаҳони муосир, яъне паҳншавии босуръати бемории ҳамагири коронавируси навъи «Ковид-19», риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар гаштугузор намудан низ изҳори назар карда шуд.
Абдулло Шоҳиён, нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика