Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии ҳамоҳангсозии аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ

440

Рӯзи 31-уми июли соли 2019 вохӯрии ҳамоҳангсозии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферволд), Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб оғоз намуда, доир ба нақши муассири Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муфассал маълумот дод. Зикр кард, ки Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ва пешгирии зӯроварӣ дар оила бо аҳолӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом дода, дар ин ҷода саҳми намоён доранд.

441

Дар идомаи вохӯрӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Наврӯз доир ба Нақшаи кории Шӯрои мазкур, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар шаҳри Турсунзода (ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов) Мирзоахмедова Ҷамила вобаста ба Нақшаи профилактикии «Баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» Мавзуна Яминова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» Шаҳло Абдунабизода, ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар шаҳри Ваҳдат Муродова Муҳаббат ва ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ Шобудинова Рухшона доир ба лоиҳаи «Пешгирӣ ва паст кардани зӯроварӣ нисбати занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, доир ба ин масъала фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе Латипова Гулпарӣ ва Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар шаҳри Турсунзода (ҷамоати деҳоти Пахтаобод) Шарапов Қиёмитдин Нақшаҳои кории Шӯроҳои ҷамъиятии мазкурро муаррифӣ намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба ҳозирин барои иштироки фаъолона дар ҷараёни ислоҳоти милитсия ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занҳо» барору комёбиҳо таманно намуд.

442443

Дар хотимаи вохӯрии ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои мавҷуда мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо як қатор тавсияҳои муфид ироа гардиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика