Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа

388Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту чинояткорӣ муҳим арзёби гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таи чанд соли охир бовариву эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хусус милитсия боз ҳам вусъат ёфта, саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноят назаррас аст. Кормандони милитсия пайваста вохӯрию чорабиниҳои фаҳмондаҳиро бо мардум доир менамоянд. Чанд муддат мешавад, ки бо супориши роҳбарияти ВКД кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ниҳодҳои он дар ноҳияҳо дар маҳаллаҳо ва дар масҷидҳо бо намозгузорон вохӯрӣ доир намуда истодаанд. 

Дар ин вохӯрҳо як қатор кормандони пуртаҷрибаи Хадамоти мазкур баромад намуда, оид ба татбиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва зуҳур кардани ҳаргуна касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ СПИД) ва пешгирии ғарқшавии ноболиғон бори дигар таъкид намуданд.

Ҳангоми сӯҳбату вохӯриҳо қайд гардид, ки иҷроиши қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гиранд. Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят кардан метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои насли наврас ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо ин насли ояндасоз ва аҳли ҷамоатчигӣ бояд бештар ба роҳ монда шавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Дилшод ХОЛОВ,
Гурӯҳи матбуоти ХПҲНҶ ВКД.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика