Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоати деҳоти Ҳоит

25

Рӯзи 22 марти соли 2019 бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва нохияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои террористию экстремистӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт бо мардум баргузор гардид.
Аз ҷониби сардори Раёсати мазкур ба сокинони ҷамоати деҳоти Ҳоит сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои террористию экстремистӣ тариқи слайд ва пахши видео-роликҳо фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани фарзандонашон бо онҳо пайваста дар тамос бошанд ва сӯҳбатҳои муфид гузаронанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо мардум ва имомхатибони масҷидҳо аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва насли ҷавон бетараф набошанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.

262728

Дар интиҳои вохӯрӣ саволу ҷавоб баргузор гардида, сокинони ҷамоати деҳоти Ҳоит ба роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои доир намудани чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика