Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар амалишавии ислоҳот саҳми сазовор доранд

697

Рӯзҳои 7-9 ноябри соли 2018 бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар ВМКБ ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, инчунин бо ёварони сардорони ин раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Иштирокчиёни машғулиятҳо доир ба рафти амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, Кодекси рафтори аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, шаклҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳисоботҳои нозирони минтақавии милитсия чун яке аз усулҳои баландбардории нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, фалсафаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», усулҳои муайян намудани мушкилотҳои афзалиятнок дар ҳамкорӣ бо ҷомеа донишҳои худро муккамал намуданд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи «Явроз» ташкил ва гузаронида шуданд. Иштирокчиёни машғулиятҳо, ки аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт буданд, на танҳо донишу маҳорату малакаи касбии хешро баланд бардоштанд, инчунин дар муддати се шабонарӯз аз зебогиҳои дараи Ромит ва обӯ ҳавои тозаи кӯҳсори ноҳияи Ваҳдат баҳра бардоштанд.

698

Дар машғулиятҳо 26 нафар аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва ёварони сардорони раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида буданд, ки онҳо малакаю маҳорати касбии хешро баланд бардошта, аз таҷрибаи фаъолияти худ ба ҳамдигар мубодила намуданд.
Дар рафти машғулиятҳо маълум гардид, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун мақомоти ҷамъиятии машваратӣ – мушоҳидавӣ дар РВКД дар ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият карда истода, ҷомеаи шаҳрвандии ин минтақаҳо ба ислоҳоти милитсия фаъолона мусоидат намуда истодаанд.
Аз баромадҳои аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар машғулиятҳо маълум гардид, ки онҳо фаъолияти якҷояи сокинони ин ё он маҳалро бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бо кормандони бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ташкил ва назорат карда истода, ба ҳамдигар мунтазам аз хатару таҳдидҳои мавҷуда хабар дода истодаанд.
Аз хулосабарории аъзоёни ин Шӯроҳо эҳсос мешуд, ки дар натиҷаи кори якҷоя эътимоди аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, махсусан бо кормандони милитсия зиёд шуда, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ хело наздик ва самарабахш гардида, кори шӯроҳои ҷамъиятӣ тақвият ёфта истодааст.

699

Иштирокчиёни машғулиятҳо бо боварӣ изҳор намуданд, ки донишҳои нав ба онҳо дар амалишавии ислоҳоти милитсия кӯмак мерасонад ва онҳо саҳми сазовори хешро дар раванди демократисозии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми худро мегузоранд.
Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика