Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои мукаммал ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба савдои кӯдакон

386

Дар давоми соли равон дар доираи иҷрои Нақшаи кории муштарак миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Ташкилоти байналмилалии меҳнати СММ дар мавзӯи «Савдои кӯдакон бо мақсади истисмори меҳнатӣ, шаҳвонӣ ва дигар намудҳои он» як қатор чорабиниҳои мукаммал ва семинару тренингҳо гузаронида шуданд. Ин чорабиниҳо аз ҷониби Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда шуданд.

387

Мақсад аз гузаронидани тренингҳо, пеш аз ҳама пешгирӣ намудани ҷиноятҳо вобаста ба савдои кӯдакон, огоҳкунии аҳолӣ аз ҷой доштани чунин ҷиноятҳо, сабабҳои содиршавӣ, роҳҳои содир намудани ҷиноят ва муайян намудани шахсоне, ки дар ҳолати осебпазирӣ қарор доранд, инчунин хусусиятҳои хоси ҷинояти савдои кӯдакон ва фарқияти он аз дигар намудҳои ҷиноятҳои ба он монанд, иборат буд. Яке аз самтҳои асосии нақшаи мазкур ин гузаронидани тренингҳо ба се қисмати аҳолӣ: ин ноболиғон, падару модарон ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ва кормандони ХПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вобаста ба ин се қишри ҷомеа се намуди барномаи корӣ тартиб дода шуда, дар он асосан мавзӯъҳои зерин мавриди омӯзиш қарор дода шуданд: мафҳуми «кӯдак», «Савдои кӯдак ва фарқият аз савдои одамон», «Санадҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ оид ба савдои кӯдакон, консепсияҳои нақши калидидошта, хавфҳо ва осебпазирии савдои кӯдакон», «Савдои кӯдакон чихел амалӣ мешавад-баррасии занҷираҳо», «Профилактикаи ҷинояти савдои кӯдакон ва истисмор, ки натиҷаи ниҳоии он мебошад», «Соҳаҳои итисмори қурбониёни савдои кӯдакон».
Чунин тренингҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, ҷамоати деҳоти Язгулом, ноҳияи Рушон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим, дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат гузаронида шуданд.

388389

Хамзамон дар доираи иҷрои нақша аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 4 китоб вобаста ба мавзӯи зикргардида бо номгӯи :

392393

1) Савдои кӯдакон: маълумоти умумӣ оиди ин мушкилот;
2) Воситаҳои мубориза бо савдои кӯдакон дар сатҳи сиёсӣ ва поёнӣ;
3) Масъалаҳои мурофиавӣ, аз азбони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда китоби чорум бо номи Маҷмӯи машқҳо аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, нашр гардид. Инчунин китобҳои зерин дар фитаҳо гирифта шуда, ба иштирокчиёни тренингҳо тақсим карда шуданд. Инчуни 3 модули китоби «Бонги ист ба меҳнати кӯдакона» (SCREAM)

394395

1. Маълумоти асосӣ дар бораи меҳнати кӯдакона
2. Мубоҳиса
3. Бозии нақшҳо, аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда, ба нашр расонида шуд.

Дар китобҳо маълумотҳо дар бораи меҳнати кӯдакон ва то чи андоза мушкил будани пешгирӣ намудани меҳнати кӯдакона сухан меравад. Ба худи кӯдакон ба воситаи омор, ба воситаи мисолҳои мушаххас, мубоҳиса ва бозии нақши кӯдаки коргар ба воситаҳои бозиҳои гуногун фаҳмонидани то чи дараҷа зарарнок будани меҳнати кӯдакона ба саломатӣ, ба фазои рӯҳӣ, равонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ ва то чи андоза аз таҳсил барканор кардани онҳо сухан меравад. 

389

Чорабиниҳои таълимӣ оиди чӣ тавр ба кӯдакон фаҳмонидани меҳнати кӯдакона; Сабаб ва оқибатҳои меҳнати кӯдакона; Барои чӣ меҳнати кӯдакона вуҷуд дорад; Чаро нисбати кори кӯдакона талабот мавҷуд аст; Оё меҳнати кӯдакона ин воқеияти бад аст; Бо кадом роҳ меҳнати кӯдакона ба онҳо зарар мерасонад?; мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Якчанд сабабҳои асосие, ки барои чӣ меҳнати кӯдаконро манъ кардан лозим аст, оварда шудаанд, лозим мешуморем қайд намоем.

397390

- Меҳнати кӯдакона зараровар буда, хатарнок аст ва ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ зид мебошад;
- Ба он чунин шаклҳои меҳнат дохил мешаванд, ки аз ҷиҳати ақлонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ ба кӯдак хатарноканд;
- Ин меҳнатест, ки онҳоро имконияти хондан намедиҳад ва ё сарбории дутарафа, яъне кор кардан ва ҳамзамон хонданро талаб менамояд;
- Меҳнати кӯдакона ба ғуломӣ ва ҷудоӣ аз оила оварда мерасонад;
- Оилаҳоро ва кӯдаконро ба камбизоатӣ ва нодорӣ оварда мерасонад;
- Аз рӯи ҳисоботҳои тадқиқотчиёни миллӣ қисмати зиёди кӯдакони коргар ҳангоми кор ҷароҳат ва ё бемории тахассусӣ мегиранд. Баъзеи онҳо дигар дар оянда фаъолияти кориашонро давом дода наметавонанд.
- Дар секторҳое, ки таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳо ҷой доранд, ба мисоли хоҷагии қишлоқ, кор дар шахтаҳо ва дар сохтмон соҳаҳое мебошанд, ки барои кӯдакон хатарнокӣ зиёд аст.
Инчунин дар доираи иҷрои нақша варақаҳои иттилоотӣ- пешгирикунанда вабаста ба савдои кӯдакон тайёр карда шуда, ба нашр расид.

396

Намуди якуми варақаи иттилоотии барои кӯдакон тайёр карда шуда хеле оддӣ буда огоҳ менамояд, ки оддитарин амалҳое, ки онҳо содир мекунанд, хатари ба савдои кӯдакон мубтало шуданро дорад.
Мисол ба бегонагон дарро кушодан, ба нақлиёти шахси бегона нишастан, ба бегонагон ном ва суроғаи худро додан хатари ба одамрабоӣ бо мақсади истисмори меҳнатӣ, шаҳвонӣ ва ё гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия мубтало шудани кӯдаконро дорад. Аз ин лиҳоз, кӯдакон бояд амалҳои пешгирикунандаро, ки дар варақа нишон дода шудааст, ҳатман риоя намоянд.
Намуди дуюми варақаҳои иттилоотӣ барои калонсолон, падару модарон буда, дар он дар бораи мафҳуми савдои кӯдакон, сабабҳои он, соҳаҳои истисмори кӯдакон дарҷ гардида, падару модаронро даъват менамояд, ки кӯдаконро назорат намоянд, то ки қурбонии хариду фурӯш нагарданд.
Пеш аз оғози тренингҳо ба иштирокчиён саволномаҳои тестӣ тақсим карда шуданд. Дар он 8 савол оиди мавзӯъи зикргардида ва чанд вариантҳои ҷавоб пешниҳод гардид.

391

Ҳангоми таҳлил маълум гашт, ки 80 % иштирокчиён ба саволҳо дар оғози тренинг нодуруст ҷавоб доданд. Ба саволҳои оддӣ ноболиғ то чандсола ҳисоб меравад, кӯдакон аз кадом синну сол ҳуқуқи кор карданро доранд, меҳнати вазнин ба кӯдакон чӣ тавр зарар мерасонад, савдои одамон чист, ҷавоби дуруст дода натавонистанд. Инчунин дар охири тренинг боз ҳамин саволномаҳои тестӣ пешниҳод гардид ва 99 % иштирокчиён ба саволҳо дуруст ҷавоб доданд.
Аз ин бармеояд, ки шахсони масъул аз ӯҳдаи вазифаи дар наздашон гузошта ба хубӣ баромаданд, зеро иштирокчиён мавзӯъҳоро аз худ намуда ба саволҳо ҷавоби дуруст доданд.
Дар хотима, аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки дониши андухтаашонро вобаста ба савдои кӯдакон минбаъд дар баромаду вохӯриҳояшон ба дигарон расонанд.
Ҷумахонзода Зебуннисо, муовини сардори ХПХНҶ ВКД, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика