Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шаҳритуз

434

Имрӯз (01.05.с.2018), сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шаҳритуз, дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов мулоқот доир намуд.
Дар ҷамъомад Раиси ноҳияи мазкур Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, сардори Шуъбаи амнияти ноҳияи Шаҳритуз Давлатзода Қурбон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоат, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, омӯзгорон, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.
Ҷамъомадро сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон оғоз намуда, зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар ҳама ҳолатҳо уҳдадориҳои ба зимаашон гузоштаро софдилона иҷро намуда, тавонистанд вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва фаврию ҷиноятиро дар вилоят мӯътадил нигоҳ доранд.

435

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия И.Солеҳзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткориҳо кафолати амнияти дохилӣ дар кишвар буда, иҷрои ин вазифаи муқаддас ба зиммаи кормандони корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори Ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ - умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон қабул гардидааст.
Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз нисбати баъзе падару модарон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки ин бозгӯи масъулияти пасти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.
Дар ҷамъомад, инчунин доир ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", пешгирии ҷавонону ноболиғон аз содир намудани қонуншиканиву ҷиноятҳо ва дигар масоили мубрам изҳори андеша карда шуд.
Раиси ноҳия Оймаҳмадзода дар навбати худ мардуми ноҳияро ба ҳамдастиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, шукри сулҳу Истиқлолияти кишвар даъват намуд.

436

Ҳамчунин роҳбари гуруҳи "Авангард" дар вилояти Хатлон Меҳроҷ Ғуломов суханронӣ намуда қайд кард, ки ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳушёриву зиракӣ ҳамбастагиву якдигарфаҳмӣ, асоси пешрафти кишвари азизи мо мегардад.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати боз ҳам наздик намудани робитаи кормандони милитсия бо аҳолӣ таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика