Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии мақсадноки кормандони милитсия дар донишгоҳ

437

Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мактабу маориф аз масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд, ки тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин аст, ки рӯзи 30-юми апрели соли ҷорӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар мақомоту идораҳои дахлдор, ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва хобгоҳи ин таълимгоҳ чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Мавриди зикр аст, ки ин мактаби олии таълимӣ яке аз муассисаҳои муҳимми ҷумҳурӣ дар самти мутобиқи замон тайёр кардани кадрҳо маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаи маориф намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин таълимгоҳ, риояи қоидаи либоспӯшӣ, иштироки онҳо дар дарсҳо ва ҳозирҷавобию дониши баланди муҳассилин диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.

438

Зимни ин чорабинии мақсаднок дар ҳузури устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам хубтару беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва ҳам дониши донишҷӯён мешаванд. Хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд.
Абдулло ШОҲИЁН,
ш. Хуҷанд




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика