Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносӣ барои аз ғарқшавӣ наҷот додани модар ва ду фарзандаш

448

Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ барои далерию ҷасурӣ, ҷавонмардию иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳамчунин аз марг наҷот додани ҳаёти инсон, шаҳрванд Ҳаётов Дилшод Ҷамахонович аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, дар вазъияти тантанавӣ бо «Сипоснома» ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. 

Зимнан дар ҷараёни супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ сардори Раёсат ба далериву ҷасурии ин ҷавонмарди сокини пойтахт таҳсин гуфта, номбурдаро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намуд. Воқеан амалу рафтори ҷавонмардонаи чунин шахсони нотарсу далер боиси ифтихор ва шоистаи таҳсин буда, дар баробари ин дигар шаҳрвандонро низ водор месозад, то ки дар нигоҳ доштани тинҷиву оромӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бетараф набуда, кӯмаки амалӣ ва саҳми арзандаи худро гузоранд.

449

Мавриди зикр аст, ки санаи 30-юми апрели соли равон, тахминан соати 12:30-дақиқа, як нафар ҷавонзани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки мехост худро бо ҳамроҳии ду фарзанди хурдсолаш ба дарё афканда ғарқ намояд, аз ҷониби шаҳрванд Ҳаётов Дилшод Ҷамахонович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо ҳисси баланди масъулият ва далериву ҷасурӣ наҷот дода шуданд.
Чунончӣ зимни сӯҳбат Дилшод Ҳаётов иброз дошт, ин модар худ ва ду фарзанди ноболиғашро кашолакунон ба соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти нав, рӯ ба рӯи маркази савдои "Ёвар"  бурда, мақсади ба ҳалокат расонидани худ ва фарзандонашро дошт. Ӯ бо дидани ин ҳолат дарҳол бо ҷасуриву далерӣ модар ва ду фарзанди хурдсолашро аз таҳдиди ғарқшавӣ, аз лаби дарёи Душанбе наҷот додааст.
Бояд гуфт, ки бо ҳисси баланди масъулият иҷро намудани қарзи инсонию шаҳрвандӣ барои ҳар як нафар амри муҳим ба ҳисоб меравад. Он нафаре, ки бо амалу рафтори накӯи худ ба дигарон кӯмак мерасонад, ҳамеша дар ҷомеа ба обурӯ буда, мавриди таҳсини ҳамагон қарор мегирад.
Дар ин росто Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба итиллои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста он шаҳрвандоне, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.
Шукуров Сироҷиддин, лейтенанти калони милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика