Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар – машварат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

21-уми сентябри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Маркази таълимии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинар-машварат оид ба тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар кори семинар-машварат роҳбарияти СХДО ва кормандони масъулу раисони созмонҳои ҷамъиятии хадамоти давлатии оташнишонӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигинамоҳ Ризоева, кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Акрам Элмуродов ва капитани милитсия Некрўз Шомирзоев иштирок намуданд.

Семинар-машваратро сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи қонунҳои умумимиллие мебошад, ки дар қабул ва тағйиру иловаҳо ба он таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандон пурра ба назар гирифта шудааст, ки назири чунин қонун дар таҷрибаи қонунгузории дигар давлатҳо ҷой надорад.
Сармутахассиси Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигинамоҳ Ризоева ҳам дар маърӯзаи худ иброз доштанд, ки лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.
Ба он як қатор меъёрҳои наве ворид гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ….

Кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Акрам Элмуродов ва Некрӯз Шомирзоев тағйиру иловаҳои воридгардидаро ба моддаҳои 10, 11 ва 14-и Қонуни мазкур муфассал шарҳ доданд.
Ҳамчунин дар рафти семинар-машварат қайд карда шуд, ки тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.
Бо назардошти ин ҳолат мувофиқи меъёри нави Қонун аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби маърӯзачиён ба саволҳои иштирокчиёни семинар-машварат посухҳои муфассал дода шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика