Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни шаҳри Қӯрғонтеппа

Рӯзи 10-уми октябри соли равон, вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо донишҷӯён ва устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Нозимзода Файзулло баромад намуда, вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мавзӯи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои тундгаро, маҳкумкунии ҷунбишҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ, таблиғи ҳаёти солим, изҳори андеша намуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткориҳо кафолати амнияти дохилӣ дар кишвар буда, иҷрои ин вазифаи муқаддас ба зиммаи кормандони корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус зоҳир менамояд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин иқдоми наҷиб мартабаи ҷавононро хеле боло бардошт.
Ҷавонону наврасон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд. Ва устодон низ дар навбати худ ба таълиму тарбияи шогирдон бештар диққат дода, мутахассисони хубро барои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён хеле фаъол буда, ба саволҳои худ ҷавобҳои возеҳ гирифтанд.
Масъулини донишкада барои вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҷамъомадҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунанд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика