Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти СХДО ВКД бо донишҷӯён

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вохўрии ҳайати роҳбарикунандаи Мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷуёни литсейҳои касбӣ –техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, вобаста ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ вохўрии сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бо ҳайати професорону омӯзгорон ва донишҷўёни филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ «Донишкадаи энергитикии Москва» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Сараввал муовини якуми директори филиали донишкада Додоҷонов Акрам Аҳмедҷонович бо суханони ифтитоҳӣ ба ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, сардори СХДО ВКД ва ҳамроҳони ӯро хайрамақдам гуфт. Сипас сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозимҷон дар суханронии худ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва таваҷҷуҳи махсус зоҳирнамудан нисбати ин нерўи созанда ёдовар гардида, дар мавзўи Нақши Қонун «Дар бораи анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти ҷавонон ибрози андеша намуд.

Сардори Сарраёсат дар робита ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни мазкур иброз намуд, ки озодии бемаҳдуди баргузории ҷашну маъракаҳо дар заминаи таассуб ва ғаризаҳои худпарастӣ ба вазъи молии шаҳрвандон зарар расонида, мардумро аз тарбияи фарзандон дур карда, моҳият ва табиати асили ҷашну маросимҳоро ҳамчун унсури зоҳирии фарҳанг хароб гардонид.
Бинобар ин мақсади дар шакли нав қабул намудани ин санади муҳим, пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум буда, барои мусоидат ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.
Мавсуф ҳамчунин оид ба иҷрои талаботи қонуни мазкур ва риояи фарҳанги либоспўшӣ, инчунин роҳ надодан ба тақлидкорӣ изҳорӣ андеша намуда, ҳамзамон вобаста ба сабабу омилҳои асосии ба амаломадани ҳодисаи сўхтор дар давраи тирамоҳу зимистон, хусусан дар муасисаҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷуён ва роҳҳои пешгирию мубориза бо он ба ҷамъомадагон маълумот ва дастуру пешниҳодҳои зарурӣ дода, риояи ҳатмии талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро аз ҳар яки онҳо хоҳиш намуд.
Дар интиҳои ҷамъомад аз тарафи сардори Сарраёсат ба саволҳои сершумори омўзгорону донишҷўён посухҳои муфассал дода шуд.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД полковники хизмати дохилӣ Холзода Хол Барот бо омўзгорону донишҷуёни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва аз тарафи сардори Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Фаррух Ҳалимзода бо омўзгорону донишҷуёни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳам, чунин як вохўрии судманд дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика