Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ риояи қонуниятро баррасӣ карданд!

Дар вохӯрии роҳбарияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор, ки рӯзи 12-уми октябр доир гардид, масъалаҳои вобаста ба ҳамкории аҳли ҷамоатчигӣ бо кормандони милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Қалъа, ки бо иштироки доираи васеи аҳли ҷамоатчигӣ ва раисони маҳаллаю фаъолон гузаронида шуд, муовини сардори ХПҲНҶ ВКД подполковники милитсия Мирзозода Абдуқодир Довуд дар ин ҷамъомад аз сатҳи равобити масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор бо нозирони милитсия оиди кор бо ноболиғон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати ҳамаҷониба мусоидат кардан дар пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзи сипос намуд.

Дар идомаи суханронии худ А. Мирзозода доир ба риояву иҷрои талаботи қонунгузории мамлакат, хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки чанде пеш дар таҳрири нав қабул гардид, изҳори андеша намуда, қайд кард, ки таъмини иҷроиши ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, махсусан қонуни охирӣ ба манфиати тамоми ҷомеа буда, баҳри некуаҳволии рӯзгори мардум нигаронида шудааст.
Дар вохӯрии масъулини ХПҲНҶ ВКД бо раисони маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Ҳисор, ки дар ин рӯз доир гардид, дар баробари муҳокимаи масъалаҳои рӯзмарра, ҳамчунин оид ба ҳолатҳои ҷалб гардидани ноболиғону ҷавонон ба сафҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ низ дахл карда шуд.
Тавре муовини сардори ин хадамот А. Мирзозода иброз намуд, пайвастани ин гуна ҷавонони гумроҳ ба сафҳои гурӯҳҳои тундрав воқеан боиси нигаронӣ буда, ба мақому мартабаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳонӣ ва шаъну шарафи миллати тоҷик ҳамчун дорои фарҳангу тамаддуни куҳан таъсири манфӣ мерасонад.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамчунин дар ин рӯз, кормандони шуъбаи ҷавонони ХПҲНҶ ВКД дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор чорабинии мақсаднок гузарониданд. Тавре аз рафти ин чорабинӣ аён гардид, қоидаҳои таҳсил ва таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимии касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар одобу рафтор ва иштироки донишҷӯёни он дар дарсҳо ягон камбудие ба қайд гирифта нашуд.
Дар суҳбат бо маъмурияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни масоили марбут ба талаботи қонунгузории таҳсил дар мактабҳои олӣ андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулшуда масъулинро вазифадор менамоянд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ноболиғону ҷавонон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Тавре қайд карда шуд, муассисаи таълимӣ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.

Дар суҳбат масъулини ин коллеҷ иброз доштанд, ки баргузории суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони милитсия дар муассисаҳои олии таълимӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад. Тавре қайд гардид, дар масъалаи тарбияи ҷавонон ҳар як фарди ҷомеа бояд бетараф набошаду ҳар як падару модар дар татбиқи талаботи тамоми қонунҳо, хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошад.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика