Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҷавонону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа

Бо мақсади дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва ба қадри Ватан – Модар расидани ҷавонон, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳафтаи равон дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав вохӯрии муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Вализода Илҳомиддин бо донишҷуёну омӯзгорон доир гардид.
Зимни гузаронидани ҷамъомад Вализода И. мафҳуму моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова гардида буд, ба ҳозирин фаҳмонид.

Мавсуф чунин қайд намуд, ки имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад ва ин корро давлати соҳибистиқлоли мо ҳаматарафа анҷом медиҳад ва насли ҷавони худшиносу худогоҳ низ бояд дар ин раванд саҳм гузорад. Мо бояд насли имрӯзаро водор созем, ки дар баробари миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ ба арзишҳои миллӣ эхтиром гузоранд ва ба ҳар гуна корҳои ношоиста роҳ надода, аз ҳар равияҳои террористию экстремистӣ шомил нашаванд.
Ваъзияти имрӯзаи ҷаҳонро ҷавонон бояд ба инобат гиранд ва барои пойдории сулҳу ободии кишвар саҳми хешро гузоранд.
Дар интиҳои ҷамъомад барои фароҳам овардани шароити сӯҳбати озод бо донишҷӯён, ки дар сатҳи хуб гузаронида шуд, масъулини Коллеҷ ба кормандони мақомот изҳори миннатдорӣ намуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика