Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД ВМКБ: Бо донишҷӯён мулоқоти озоду самимӣ баргузор гардид

17-уми октябри соли равон, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур бо устодон ва донишҷӯёне, ки аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳсил менамоянд, вохӯрии судманд баргузор намуда, аз шароит ва таҳсили онҳо аз наздик шинос гардид. 

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён, кормандони Шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ ва шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ сардори раёсати мазкур генерал-майори милитсия Искандарзода А. оид ба аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳлили вазъи ҷинояткорӣ аз тарафи ҷавонон дар нӯҳ моҳи соли равон дар ҳудуди ВМКБ, муносибати хуб ва дӯстона дар байни донишҷӯён, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракатҳои ифротӣ - террористиву экстремистӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷуён суханронӣ намуд.
Тавре Искандарзода А. иброз дошт, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткориҳо кафолати таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа буда, иҷрои вазифаҳо ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Мавсуф дар идомаи баромади худ оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхориҳо нисбати ҷавонон изҳори андеша намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон «Соли 2017 - Соли ҷавонон» эълон гардидааст, ки ин иқдоми наҷиб мартабаи ин қишри пешбарандаро дар ҷомеа хеле боло мебардорад. Дар ҷавоб ба ин гуна ғамхориҳо, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш машғул гардида, бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳар гуна олимпиадаву маҳфилҳо парчами Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардоранд. Устодон низ дар навбати худ ба таълиму тарбияи шогирдон бештар диққат дода, мутахассисони хубро барои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрии мазкур донишҷӯён фаъолнокии хуб нишон дода, ба саволҳояшон ҷавобҳои возеъ гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, барои хеле озоду самимӣ гузаштани вохӯрӣ ташаккур гуфта, маъмурияти ин муассисаи таълимӣ низ дар навбати худ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин мулоқоти судманд бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода А. баён намуданд.
Тавре зикр карда шуд, гузаронидани ин гуна сӯҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон боиси коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткориҳо дар ҷомеа мегардад.
Далер Чоршанбиев




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика