Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вохўрӣ бо мактаббачагон

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи 17-уми октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101-и ноҳияи Сино бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Маҳмадалӣ Миралӣ, директорону устодон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, падару модарон, намояндагони ҷамоатҳо ва масъулини РВКД дар шаҳри Душанбе вохўрии судманд баргузор гардид.

Нахуст сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Азизӣ баромад намуда, қайд кард, ки имрўз таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри соҳибмаълумоту боистеъдод шудани онҳо пайваста ғамхориҳо зоҳир мегардад.
Сипас, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода дар суханронии хеш иброз намуд, ки вохўрии мо дар соле доир гардида истодааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2017-ро "Соли ҷавонон" эълон намуданд. Сарвари давлат саҳми ҷавононро дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат баланд арзёбӣ менамоянд. Мо низ боварии комил дорем, ки бо назардошти чунин баҳои сазовори Роҳбари давлат нақши ҷавонон дар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум ва иштироки фаъолонаи онҳо барои ҳимояи амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ, эмин нигоҳ доштани худ аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Ҷавонону наврасон бояд аз шароитҳои барои онҳо муҳаёгардида дурусту самаранок истифода бурда, парчамбардори миллат гарданд, ояндаи худро дурахшон намоянд. Барои иҷрои ин ҳама, назорати ҷиддии падару модар зарур мебошад.
Фотеҳ Қунғуротзода таъкид дошт, ки таълиму тарбия, пеш аз ҳама, аз оила оғоз меёбад ва муҳимияти ин масъала дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба таври намоён дарҷ гардидааст. Падару модарони азизро мебояд масъулияти ба дўш доштаашонро ҳис намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба амалу кирдорҳои ношоиста даст зананд.
Беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, дар рўҳияи ватандўстиву эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани нақши ин насли ояндасози кишвар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ба иттилои ў, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохўриҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсей ва мактабу маҳаллаҳо ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт коҳиш ёфта, содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон то 22,2 фоиз ва миёни ҷавонон то 3,7 фоиз паст гардидааст. Дар ин муддат, аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаву корхона ва ҷойҳои истиқоматӣ 951 маротиба суҳбату вохўриҳо гузаронида шудааст, ки ҳамаи ин яке аз сабабҳои паст гардидани қонуншиканӣ ва даст ба ҷиноят назадани наврасону ҷавонон мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо вуҷуди доирнамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораандешиҳо бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои хусусияти зўроваридошта машғул мешаванд. Танҳо дар ин давра, наздики 5 ҳазор нафар ноболиғ кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ содир намуда, барои ин кирдорашон аз ҷониби кормандони милитсия дастрас гардидаанд. Нисбати 540 нафар ноболиғоне, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойи зист надоранд ва аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пойтахт омадаанд, мавод тартиб дода шуда, барои ҷобаҷокунӣ ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД супорида шуданд.

Аз ноболиғони дастрасшуда 2824 нафарашонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд, ки ин ҳолат аз бемасъулиятии бархе падару модарон шаҳодат медиҳад.
Сардори раёсат иброз дошт, ки ҳар як амалу кирдоре, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад, таъсири манфии худро дар ҳаёти ояндаи онҳо мегузорад. Аз ин хотир, омўзгорону волидон, аҳли ҷамоатчигиву хонандагон бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ амал намуда, баҳри тарбияи онҳо ҷиддӣ рафтор намоянд ва пеши роҳи содиршавии ҳар гуна кирдору амали номатлубро аз ҷониби онҳо саривақт бартараф созанд.
Инчунин, дар рафти суханронии худ, мавсуф оид ба муноқишаҳои гурўҳии хонандагону донишҷўён, дағалрафториву муносибати ҷавонон, беназоративу омилҳои ба ҷиноят ва ҳар гуна корҳои ношоиста даст задани баъзе наврасон, бо далелҳои мушаххас ибрози андеша намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ масъулин ба роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика