Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш

Ҳафтаи сипаришуда дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш вохӯрии кормандони ШВКД дар ноҳияи Вахш бо донишҷӯён ва омӯзгорон доир гардид.
Баррасӣ ва муҳокимаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва экстримистӣ мавзӯҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт.

Вохӯриро нахуст бо сухани ифтитоҳӣ директори Коллеҷи тиббӣ Қосимова З. оғоз намуда, дар хусуси мавқеи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти онҳо, тағйиру иловаҳое, ки ба ин қонун ворид гардиданд, изҳори назар кард.
Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар мавзӯи «Ҷавонон ва маҳакҳои хушахлоқии онҳо», ичрокунандаи вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Вахш Салимзода А.С. ба музокира баромада, оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар кард.
Инчунин қайд намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои таҳсилу пешравиҳои ҷавонон тамоми шароит муҳайё гардидааст ва теъдоди зиёди ҷавонон аз ин имконият пурсамар истифода мебаранд.
Мавсуф дар бораи ҷиноятҳои тайи 9 моҳи соли 2017 аз ҷониби наврасону ҷавонон содиршуда маълумотҳои оморӣ ва мисолҳои мушаххас овард.
Зикр гардид, ки аз ҷониби баъзе донишҷӯён риоя накардани талабот оиди истифодаи телефони мобилӣ ва омадан ба дарсҳо мухолифи қонун буда, чунин донишҷӯён ва волидайни онҳо дар раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Салимзода таъкид намуд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат маҳсуд ёфта, бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то Ватани худро ободу зебо гардонанд.
Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни донишҷӯёни ин боргоҳи илм бо кормандони милитсия, саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика