Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефони 02 осонтарин роҳи муроҷиат ба мақомоти милитсия

Тариқи Сомонаи расмии ВКД ва ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» ба самъи шаҳрвандон расонидани маълумотҳо оиди фаъолияти телефони «02» (милитсия) дар ҳар семоҳа ба ҳукми анъана даромадааст. Ҷамъбасти фаъолияти телефони «02» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон дод, ки дар ин муддат 27801 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути телефони «02» ба мақомотҳои корҳои дохилӣ муроҷиат намудаанд.
Омӯзиш нишон дод, ки дар 4984 ҳолат шаҳрвандони ҷумҳурӣ сари вақт оиди содиршавии ҷиноятҳо, дар 20829 ҳолат оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дар 1988 ҳолат оиди содиршавии ҳодисаю воқеаҳо телефони «02»-ро истифода намуда ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудаанд.
Дар натиҷаи сари вақт ҳозир шудани гурӯҳҳои оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса дар 27459 ҳолат хабарҳои додашуда тасдиқ гардидааст, ки аз ин 4705 хабар оиди ҷиноят, 20825 хабар оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва 1929 хабар оиди содиршавии ҳодисаю воқеаҳо мебошанд.
Аз ҳамаи муроҷиатҳо ба телефони «02» (милитсия) 342 хабар тасдиқи худро наёфтааст.
Сари вақт хабар расонидан ва муроҷиат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат менамояд, ки ҷиноятҳо фавран, яъне дар гармогармӣ кушода шаванд. Дар натиҷаи таъҷилан ҳозир гардидани гурӯҳҳои оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса дар умум дар 3393 ҳолат муроҷиатҳо сари вақт дар гармогармӣ ҳалли худро пайдо намудааст, ки аз онҳо 3204 ҳолатро ҷиноятҳо ва 189 ҳолатро ҳодисаю воқеаҳо ташкил додаанд.
Дар давоми нимсола шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар 19 ҳолат оиди содиршавии ҷиноятҳои куштор, дар 5 ҳолат оиди хариду фурӯши одамон, дар 173 ҳолат оиди расонидани зарари вазнин, миёна ва сабуки ҷисмонӣ, дар 21 ҳолат оиди таҷовуз ба номус, дар 261 ҳолат оиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар 9 ҳолат оиди тамаъҷӯӣ, дар 5 ҳолат оиди роҳзанӣ, дар 24 ҳолат оиди ғоратгарӣ, дар 130 ҳолат оиди авбошӣ, дар 1644 ҳолат оиди дуздӣ, дар 4 ҳолат оиди ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, дар 9 ҳолат оиди ғасби гаравгон, дар 4 ҳолат оиди рабудани воситаи нақлиёт ва ғайра муроҷиат намудаанд.
Сокинони ҷумҳуриамон дар бораи содиршавии ҳодисаҳо низ сари вақт хабар медиҳанд. Дар муддати ним соли сипаригашта шаҳрвандон оиди содиршавии ҳодисаҳои нақлиётӣ 557 маротиба, оиди ҳодисаҳои нохуш 387 маротиба, оиди содиршавии сухтор 340 маротиба, оиди содиршавии худкушиҳо 227 маротиба, оиди бедарак гумшавии одамон 241 маротиба ва оиди дигар ҳодисаҳо 236 маротиба тариқи телефони «02» (милитсия) ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудаанд.
Тариқи телефони «02» (милитсия) шаҳрвандони ҷумҳурӣ 312 маротиба оиди майдаавбошиҳо, 2053 маротиба оиди вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракати роҳ, 1101 маротиба оиди вайрон гардидани қоидаҳои санитарӣ ва 17363 маротиба оиди дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ба Ќисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудаанд.
Аз маълумотҳо дида мешавад, ки телефони «02» (милитсия) воситаи асосии муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ мебошад ва шаҳрвандон аз он самаранок истифода менамоянд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолияти шабонарӯзии телефони «02» (милитсия) доимо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд, то ки ҳар як хабари расонидаи сокинони кишварамон бе санҷиш намонад.
Муроҷиат тариқи телефони «02» (милитсия) воситаи самараноки ҳамкорӣ бо ҷомеа буда, аз он мақомоти корҳои дохилӣ барои таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амният шабонарӯзӣ самаранок истифода менамоянд.
Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика