Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2016 шумораи кормандони ғайриштатӣ зиёда аз 1980 нафар афзуд

Яке аз талаботҳои Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсия, бо аҳолӣ дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор мебошад. 

Бо дарназардошти ҳамин талабот Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба ташкили фаъолияти кормандони ғайриштатии милитсия дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Талаботҳои ин Фармоиш ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имконият фароҳам овардааст, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ таъмин намоянд.
Ҷамъбасти натиҷаҳои оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2016 нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 16430 нафар кормандони ғайриштатии милитсия фаъолият доранд. Сол аз сол шумораи шаҳрвандоне, ки хоҳиши бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намуданро доранд, зиёд шуда истодааст. Соли 2016 шумораи кормандони ғайриштатӣ зиёда аз 1980 нафар афзуд. Хушбахтона дар давраи асосии ислоҳоти милитсия ҳамкории зичи мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа ташкил шуда, яке аз вазифаҳои стратегии асосии ислоҳоти милитсия тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ ва баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия бомуввафақият амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин вазифа роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар корҳо ба иштироки аҳли ҷомеа дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он ҷиддӣ аҳамият медиҳад. Яъне тамоми тадбирҳо андешида мешавад, ки барои шаҳрвандон милитсияи шаффоф ба вуҷуд оварда шавад.
Дар доираи ислоҳоти милитсия имрӯз вобаста ба ҳамкории мутақобила бо ҷомеа дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудааст. Инчунин Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис ёфта, самаранок фаъолият доранд. Дар доираи Фармоиши дар боло зикргардида ҳар як корманди милитсия бо шаҳрвандоне, ки дар таъминоти амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ хоҳиши ҳамкорӣ намуданро доранд, кӯмак мерасонанд, ки онҳо ҳамчун кормандони ғайриштатӣ омода шаванд ва қабул гарданд. Албатта барои ин, чунин хоҳишмандон омӯхта шуда, танҳо нафароне, ки дар гуфтору кирдору фаъолият намунаи ибратанд, қабул карда мешаванд.
Имрӯз кормандони ғайриштатии милитсия яке аз қувваҳои бузурги аҳли ҷомеа буда, ба воситаи онҳо ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари дружиначиёни ихтиёрӣ амалӣ шуда истодааст.
Омӯзиш нишон дода истодааст, ки солҳои охир хоҳиши шаҳрвандон барои ихтиёран қабул гардидан ба сифати корманди ғайриштатии милитсия зиёд шуда истодааст ва онҳо ҳамчун шаҳрвандони содиқи Ватан ҳамарӯза якҷоя бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ иштирок ва ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.
Натиҷаҳои фаъолияти соли 2016 нишон дод, ки дар дастгоҳи марказии ВКД зиёда аз 3470 нафар, дар РВКД дар шаҳри Душанбе беш аз 930 нафар, дар РВКД дар вилояти Хатлон зиёда аз 4770 нафар, дар РВКД дар вилояти Суғд зиёда аз 3320 нафар, дар РВКД дар ВМКБ беш аз 650 нафар, дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт зиёда аз 1750 нафар, дар ШВКД дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 нафар шаҳрвандон сидқан ҳамарӯза бо кормандони милитсия ба сифати кормандони ғайриштатии милитсия фаъолият намуда истодаанд.
Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» таҳкимбахши ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан нозирони минтақавӣ бо кормандони ғайриштатӣ гардидааст. Нозирони минтақавӣ тибқи талаботҳои ҳамин фармон корро сифатан беҳтар намуда, ҳамкориро бо аҳолӣ таҳким бахшида истодаанд. Акнун бо онҳо ҳамеша аз ҳисоби аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ дружиначиёни ихтиёрӣ ё кормандони ғайриштатии милитсия ҳамкорӣ доранд.
Боиси хушнудист, ки танҳо бо нозирони минтақавӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2016 беш аз 4720 нафар кормандони ғайриштатии милитсия дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ фаъолона иштирок намудаанд. Кормандони ғайриштатӣ дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавии милитсия дар давоми соли 2016 дар ошкор намудани зиёда аз 390 ҷиноят, 11 ҷинояткори аз тафтишот пинҳонгашта ва зиёда аз 2820 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намудаанд, ки ин натиҷаҳо нисбат ба соли гузашта хело беҳтар мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки шаҳрвандони кишварамон дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақомоти корҳои дохилӣ дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ хело фаъолона саҳмгузорӣ ва иштирок намуда истодаанд. Маълумотҳои ҷамъбастии соли 2016 нишон дод, ки ҳамкории аҳли ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба солҳои пеш хело беҳтар гардидааст.
Дар назар бояд дошт, ки ба ғайр аз ин шаҳрвандони кишварамон дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он низ иштироки фаъолона доранд. Кормандони ғайриштатӣ дар соли 2016 дар таъминоти тартиботи ҷамъиятии зиёда аз 240 чорабиниҳои оммавии фарҳангию варзишӣ якҷоя бо кормандони милитсия иштироки фаъолона намудаанд.
Имрӯзҳо аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳо андешида шудааст, ки дар давраи асосии ислоҳоти милитсия ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил шавад ва дар ин раванди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода гарданд.
Ғуломов Қ.Ҷ., Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика