Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гардидааст, ки «ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём бори дигар таъкид намуданд, ки «таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад».
Соли 2016-ро Вазорати корҳои дохилӣ бо натиҷаҳои қаноатбахш ҷамъбаст намуд, ки дар ин саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ ҳам мебошад. Бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳону минтақа мақомоти корҳои дохилӣ ва ситодҳои дружинаҳои ихтиёрӣ фаъолияти худро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ тақвият бахшида, ҳар як корманди мақомот ва дружиначӣ вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро менамуданд.
Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ фаъолияти 17010 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ, ки аз ҷониби 73 ситодҳои дружинаҳои ихтиёрӣ роҳбарӣ мешаванд, дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории самаранок доштанд. Бо иштироки фаъолона ва ҳамкории судманди дружиначиёни ихтиёрии ҷумҳурӣ дар умум 141 ҷиноят ошкор карда шудааст, ки аз ин 41 ҷиноятро шахсан дружиначиёни ихтиёрӣ ошкор кардаанд. Аз ҷониби дружиначиён 10 нафар шахсоне, ки дар кофтуков қарор доштанд, дастгир гардидааст. Ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ сол аз сол аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ беҳтар шуда истодааст. Онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар давоми сол 5749 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро ошкор намудаанд, ки 521 нафари онҳо барои майдаавбошӣ (дашному ҳақорат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ), 1041 нафари онҳо барои нушидани машруботи спиртдор ва пайдо шудан дар ҳолати мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, 725 нафар барои оворагардӣ ва талбандагӣ, 83 нафар барои майдадуздӣ, 485 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошанд.
Кирдору амалҳои ғайриқонунии ноболиғон ҳам аз назари дружиначиёни ихтиёрӣ дур намондааст. Дар давоми соли сипаришуда аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ 761 нафар ноболиғон, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ содир намуда буданд, ошкор карда шудааст. Инчунин онҳо 222 нафар ноболиғонро, ки аз таҳсил саркашӣ мекарданд, ошкор намудаанд. Дружиначиёни ихтиёрӣ дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавӣ 1747 ҳолати вайрон намудани реҷаи шиносномавӣ, 155 ҳолати фурӯши ғайриқонунии маводҳои сузишворӣ ва 1265 ҳолатҳои дигари ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро ошкор намуда, дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавӣ 1029 нафар майзадагону нашъамандонро дар ҷойи зист мунтазам таҳти санҷиш қарор додаанд.
Дружиначиёни ихтиёрӣ дар ҳал намудани 1234 ҳолати ҷанҷолҳои оилавӣ, азназаргузаронии 337 хонаҳои холӣ, дар гузаронидани 867 сӯҳбат бо оилаҳои ноустувор ва носолим, дар гузаронидани 1453 вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои хизматӣ иштироки фаъолона намудаанд. Аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ 846 нафар барои муайян намудани шахсияти шаҳрвандон ба ШВКД шаҳру ноҳияҳо ва 170 нафар ба таҳвилгоҳ ва қабулгоҳи РВКД дар шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шудааст.
Иштироки фаъолона дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба дружиначиёни ихтиёрӣ, ки баъзеи онҳо дар оянда корманди ҳифзи ҳуқуқ шуданианд, шароит муҳайё месозад, ки онҳо аз кормандони милитсия дониш, малака ва маҳорат омӯзанд.
Хоҳиши рӯзафзуни шаҳрвандон ба инобат гирифта шуда, шаҳрвандони фаъол, ки дар гуфтору кирдор намунаи дигаронанд ва хоҳиши иштирок карданро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ доранд, ҳамасола ба сафи дружиначиёни ихтиёрӣ қабул карда мешаванд. Соли 2016 шумораи дружиначиёни ихтиёриро боз 787 нафар донишҷуён, истиқоматкунандагони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо пур карданд, ки нисбати солҳои қаблӣ хело зиёд мебошад.
Яке аз омилҳои афзудани ҳавасмандии шаҳрвандон барои иштирок дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ мунтазам барои фаъолияти хуб мукофотонида шудани онҳо мебошад. Соли 216 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти Ҳукуматҳои маҳаллии кишварамон беш аз 500 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ бо маблағҳои пулӣ ва молӣ мукофотонида шудаанд, ки нисбат ба солҳои пеш хело зиёд мебошад.
Ҷиҳати амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» масъулият ва ташаббуси сардорони мақомоти корҳои дохилӣ, ёрдамчиёни сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ташкили кори дружинаҳои ихтиёрӣ, шӯъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сардорони Ситодҳои дружинаҳои ихтиёрӣ хело ҳалкунанда мебошад. Аз кордонию масъулияти онҳо самаранокии кори дружиначиёни ихтиёрӣ вобастагии зиёд дорад, зеро танҳо бо дастуру ҳидояти онҳо ҳамкорӣ ва ҳамфаъолиятии дружиначиён бо кормандони милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шудааст. Аксарияти дружиначиёни ихтиёрӣ ҳам аз ҳисоби ҷавонон мебошанд.
Вазорати корҳои дохилӣ итминони комил дорад, ки ҷавонони фаъоли кишварамон дар ин сол аз ҳарвақта дида бештар дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссагузор мегарданд ва ҳамкориро бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зич ба роҳ мемонанд, зеро ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки ҳастанд, ҳисси баланди миллӣ доранд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак ҳастанд.
Ғуломов Қудратулло Ҷанатуллоевич, Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика