Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеа буда, барои ин аз телефони боварӣ васеъ истифода мебарад

Дар давоми соли 2016 ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, 2429 шаҳрванд занг зада муроҷиат намудааст, ки аз ин 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 1400 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳо сари вақт мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.

Дар ин муддат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1381 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ 61 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 623 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 312 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт 12 нафар ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 40 нафар муроҷиат намудаанд.
Омӯзишу таҳлил нишон дод, ки сол аз сол ба телефони боварӣ зиёдтар шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, ки ин инъикосгари эътимоди комили шаҳрвандон ба роҳбарони аввали мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум бо роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз чор сол аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) фаъолият доранд. Ба воситаи ин телефони боэътимод сокинони кишварамон имконияти васеъ доранд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои номбаршуда муроҷиат намоянд. Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби кормандони телефони боварӣ қабул гардида, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд ва ҳамарӯза ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо пешниҳод мегарданд.
Фаъолияти телефонҳои боварӣ мунтазам ҷамъбаст карда шуда, аз натиҷаи он дар воситаҳои ахбори омма маълумотҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин телефонҳо нишон дода истодааст, ки шаҳрвандон аз ин воситаи алоқаи боэътимод самаранок истифода менамоянд.
Асос он аст, ки ҳамаи хабарҳои воридгардида мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор мегиранд. Албатта на ҳамаи хабарҳои тариқи телефони боварӣ воридгардида тасдиқи худро меёбанд. Аз 2429 хабарҳои воридгардида, 681 хабар тасдиқ гардида, 1640 хабар тасдиқи худро наёфтааст ва санҷиши 108 хабар идома доранд. Дар давоми соли сипаришуда аз хабарҳои воридгардида 1 хабар оиди ҷинояти одамкушӣ, 1 хабар оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, 5 хабар оиди таҷовуз ба номус, 14 хабар оиди қаллобӣ, 69 хабар оиди дуздӣ, 83 хабар оиди лату кӯб, 84 хабар оиди бар нагардонидани пули қарз, 2 хабар оиди гирифтани пора, 97 хабар оиди майдаавбошӣ (дашному ҳақорат), 8 хабар оиди садамаи нақлиётӣ ва ғайра (оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, оиди шахсони гумшуда, оиди ронандагони қоидаи ҳаракатро вайрон кардагӣ, оиди истифодаи ғайриқонунии замин, оиди риоя накардани тозагӣ, оиди қиморбозӣ, оиди сухтор) тасдиқи худро ёфтаанд.
Бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳамкории кормандони милитсия бо мардум рақамҳои телефонҳои боварӣ мунтазам ба воситаи ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», сомонаи интернетии «vkd.tj», барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ ва шаҳрию вилоятӣ ба шаҳрвандон расонида мешаванд. Телефонҳои боварӣ бидуни танаффус шабонарӯз фаъол буда, ҳар нафар метавонад аз ҳама шабакаҳои телефонӣ дар бораи қонуншиканиҳо, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористидошта, одамкушӣ, одамрабоӣ ва дигар намуди ҳуқуқпоймолсозиҳо ройгон арзу шикоят пешниҳод намояд. Тамоми арзу шикоятҳо бевосита ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, оид ба ҳар яки он санҷиш гузаронида мешавад. Ғайр аз ин барои ирсоли хабарҳои дуруст оид ба содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин шаҳрвандонро Вазорати корҳои дохилӣ ҳавасманд ва қадрдонӣ менамояд ва дар ҳолати зарурӣ махфияти онҳоро кафолат медиҳад.
Пешниҳоди шаҳрвандон барои беҳбуди фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ омӯхта шуда барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ истифода мегардад. Ба ҷуз хабару муроҷиатҳо, шаҳрвандон дар бораи фаъолияти баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша менамоянд, ки онҳо барои беҳтар намудани интизоми оинномавии кормандон таъсири мусбӣ мерасонанд. Вобаста ба шикояти шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти кормандони милитсия санҷишҳои ҳаматарафа ва пурра гузаронида шуда нисбати 204 нафари онҳо чораҳои интизомӣ андешида шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи он нафароне, ки дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа саҳмгузор ҳастанд, изҳори сипос менамояд.
Вазъи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар як сокини диёрамонро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар сари вақт бо телефони боварӣ, телефони 02 ё телефонҳои қисмҳои навбатдорӣ ба навбатдорон оиди ҳодисаю воқеаҳо, ҷиноятҳо муроҷиат намоем. Аз амали ҳар яки мо оромии ҷомеа ва тартибу низом дар кишварамон вобаста аст.
Ғуломов Қ.Ҷ., Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика