Тоҷикӣ   |   Русский   |   English
Телефон доверия Министра внутренних дел Республики Таджикистан (+992 37) 221-21-21…Служба Помощи телефона 19-19 Министерства внутренних дел Республики Таджикистан

Завершение спортивных соревнований в Раштском районе

476

Как ранее сообщалось, в честь наступающей 25-й годовщины Дня Конституции Республики Таджикистан в Раштском районе Министерством внутренних дел совместно с Комитетом по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан были проведены открытые соревнования по индивидуальным видам спорта по мини-футболу, волейболу, шашкам и шахматам между молодежью Раштского района, а также соревнования по мини-футболу среди работников правоохранительных органов и силовых структур. 

Спортивные соревнования прошли очень интересно и захватывающе, собралось большое количество поклонников и любителей данных видов спорта.

477478

Игры проводили опытные судьи, которые  и определили победителей на второй день соревнований.

Итак, в юношеском турнире по футболу, в котором приняли участие 12 команд, молодежная команда из городка Гарм заняла первое место, Педагогического института Таджикистана в Раштском районе заняла второе место, а команда «Калаи Сурх» заняла третье место.

Турнир по волейболу также был очень ярким, две команды Таджикского государственного педагогического института заняли первое и второе места, а молодежная команда «Калаи Сурх» заняла третье место.

В соревнованиях по мини-футболу между правоохранительными органами и силовыми структурами по Раштской группе районов команда футболистов управления ГКНБ Республики Таджикистан по Раштской группе районов заняла первое место, служащие Национальной гвардии по Раштскому району заняла второе место, и представители УМВД по Рашсткой группе районов заняла третье место.   

479480481482483484

Победители были награждены Кубком, дипломами, медалями и ценными подарками от имени Министра внутренних дел, генерал-полковника милиции Рахимзода Рамазона Хамро.

Награды вручали спортсменам и представителям команд первый заместитель председателя Республиканского совета «Динамо» МВД подполковник Аслиддин Шохиен и заместитель начальника Управления кадров и работы с личном составом МВД полковник Махмадали Мусозода.

Х.Солихов, подполковник милиции, Душанбе-Рашт. 

Анҷоми мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Рашт

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба таҷлили 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони минтақа ва ноҳияи Рашт, инчунин мусобиқаи футболи хурд дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии минтақаи мазкур доир карда шуд, ки дар онҳо ҷавонони зиёде аз корхонаю идораҳои гуногун, муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи умумӣ ва маҳаллаҳои минтақа ва ноҳияи мазкур ширкати фаъолона намуданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ хеле ҷолибу шавқовар гузашта, шумораи зиёди тамошобинону мухлисонро ҷамъ овард.

Бозиҳоро доварони ботаҷриба гузаронида, дар натиҷаи рақобатҳо рӯзи дуюми мусобиқаҳо ғолибони онҳо муайян карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи футболи хурд миёни ҷавонон, ки 12 даста бо ҳам қувваозмоӣ доштанд, дастаи ҷавонони шаҳраки Ғарм ҷойи аввал, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ҷойи дуюм ва дастаи ҷавонони «Қалъаи Сурх» мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Мусобиқаи волейбол низ хеле рангину диданӣ доир гардида, ду дастаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ҷойҳои якуму дуюм ва дастаи ҷавонони «Қалъаи Сурх» мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии минтақа ва ноҳияи Рашт бошад, дастаи футболбозони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳ ноҳияҳои Рашт мақоми аввал, хизматчиёни Гвардияи миллӣ дар минтақаи Рашт зинаи дуюм ва намояндагони РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷойи сеюми ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ба ғолибони мусобиқаҳо, аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Ҷом, диплом, медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.  

Мукофотҳоро дар маросими тантанавӣ, ба варзишгарону намояндаҳои дастаҳо муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Маҳмадалӣ Мусозода ва дигар шахсони расмӣ супориданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ, ки хеле дар сатҳи баланд доир гардиданд, ба ҷавонони минтақа хеле писанд омад. Онҳо хоҳиши зиёд намуданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои варзишӣ бештар гузаронида шавад.       

Х.Солиҳов, подполковники милитсия, Душанбе-Рашт-Душанбе.  




Уважаемые члены Маджлиси милли и депутаты Маджлиси намояндагон! Дорогие соотечественники! 2018 год своими весьма важными запоминающимися событиями стал воистину историческим для славного народа Таджикистана и суверенного государства таджиков. 22 марта текущего года в Международный день водных ресурсов с участием Главы государства на Генеральной Ассамблее Организации Объединенных Наций официально началась реализация нашей четвертой мировой инициативы в сфере воды – «Международное десятилетие действия «Вода для устойчивого развития, 2018-2028 годы». В условиях изменения климата, когда вопрос охраны источников и ресурсов чистой питьевой воды превратился в одну из основных проблем народов планеты, Таджикистан в этом направлении признан как страна инициатор и лидер на мировой арене. Ввод в действие первого агрегата Рогунской гидроэлектростанции, то есть судьбоносного объекта века и гаранта надежного будущего Таджикистана, благодаря чему осуществились многолетние чаяния славного и ....>>>

Qonuni

© 2019 Официальный сайт Министерства внутренних дел Республики Таджикистан
Использование информации официального сайта Министерства внутренних дел Республики Таджикистан разрешается с указанием на ссылку сайта http:// mvd.tj
Яндекс.Метрика