Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муваффақияти таэквондочиёни наврас дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ

156157

Таэквондочиёни навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо (ВТФ), ки рӯзҳои 6-7-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гашт, ширкати фаъолона варзида, чандин ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Дар ин чорабинии варзишӣ онҳо дар маҷмӯъ соҳиби ду медали тилло, ду медали нуқра ва панҷ медали биринҷӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки Чемпионати ҷумҳуриявии мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 доир гардид, ки дар он варзишгарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе бо теъдоди 14-даста ва беш аз 200 варзишгар иштирок намуданд.
Натиҷаи таэквондочиёни чунин аст: Муҳаммад Тухтасинов дар вазни 37 кг ҷойи аввал, Фараҳнӯш Хуморова аз намуди даставӣ ҷойи аввал ва дар вазни 44 кг ҷойи дуюм, Муҳаммад Ахмедов дар вазни 33 кг ҷойи дуюм, ҳамчунин Баҳром Шарипов дар вазни 33 кг, Эҳсон Неъматов дар вазни 37 кг, Абдулло Гулов дар вазни 41 кг, Бахтиёр Хуррамов дар вазни 45 ва Шӯҳрат Тухтасинов дар вазни 49кг ҷойҳои сеюми чемпионатро ишғол намуданд.

158

Мавриди зикр аст, ки дастаи таэквондочиёни «Динамо» таҳти дастпарварии мураббӣ Рамазон Ғиёсов машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявию шаҳрӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика