Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД дар ВМКБ: "Ҷоми Наврӯзӣ-2019"

84

Бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз», аз санаи 17-ум то 20-уми марти соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарони ҷавону наврас, дар риштаи футболи хурд, таҳкими дӯстию рафоқат, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, дар байни наврасону ҷавонони ноҳияҳои ВМКБ аз намуди бозии варзишии футболи хурд, марҳилаи якуми «Ҷоми Наврӯзӣ -2019» ташкил ва гузаронида шуд.

8587

Санаи 22-юми марти соли равон аз тарафи РВКД дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилоят дар байни наврасон ва ҷавонон дар Қасри варзиш, воқеъ дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ марҳилаи дуюми бозии футболи хурд байни 12 дастаи футболбозони наврасу ҷавон огоз гардида, байни ҳам сабқат менамоянд.

8689

Дар ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ корманди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и РВКД дар ВМКБ Холимбек Фозилбекзода, роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ва намояндаи мақомоти давлатии шаҳри Хоруғ Имомёрбек Имомёрбеков ширкат варзиданд. Мусобиқаи варзишии футболи хурд то санаи 30-юми марти соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз ҷониби Роҳбарияти РВКД дар ВМКБ бо "Ҷоми наврӯзӣ -2019", Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Далер Чоршанбе
Назарзода Ҳакимҷон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика