Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонону наврасон дар ноҳияи Рашт

79

Рӯзи 20-уми марти соли 2019 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ дар намуди футболи хурд байни наврасону ҷавонони ноҳияи Рашт баргузор гардид.

80818283

Дар оғози чорабинии варзишӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло баромад намуда, ҳозиринро бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод кард.
Сипас мавсуф ҷавонон ва наврасонро барои даст назадан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даъват намуда, зикр кард, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш ва варзиш машғул шуда, саҳми худро дар ободонию созандагӣ гузоранд.
Дар мусобиқа ҳашт даста иштирок намуда, он давоми ду рӯз идома хоҳад ёфт.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика