Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти футболбозони наврас

196197

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз байни наврасони соли таваллуди 2005-2006 мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз 2019» ташкилу баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 9 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва байни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқа се рӯз идома ёфта, футболбозони навраси шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Бӯстон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Футболбозони дастаи Хуҷанд бар ҳарифони худ дастаи шаҳри Бӯстон, бо ҳисоби 3:2 пирӯз омаданд.
Дар мусобиқаи мазкур мақоми сеюмро футболбозони навраси ноҳияи Мастчоҳ баъди ғалаба аз болои дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов соҳиб шуданд.

198199

Дар маросими ҷамъбастӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад иштирок намуда, ба ҷоизадорон Диплом, медал ва тӯҳфаҳои қимматнок тақдим намуд.
Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика