Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастоварди динамочии ҷавон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

76

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо, ки рӯзи 17 марти соли ҷорӣ дар шаҳраки Рашт доир гашт, варзишгари аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Абдуғаффор Мерганзода ширкат варзида, дар вазни 78 кило мақоми дуюмро ба даст овард, ки ин аввалин дастоварди динамочии ҷавону умедбахш аст.

77

Мусобиқаи мазкур байни наврасони солҳои таваллуди 2003-2005 бахшида ба гиромидошти хотираи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмумин Раҳимов бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида, дар он варзишгарон аз мактабҳои варзишӣ ва шахсони хоҳишманди тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар даҳ дараҷаи вазн қувваозмоӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Абдуғаффор Мерганзода фарзанди корманди мақомоти корҳои дохилӣ – майори хизмати дохилӣ Мерганзода Карим Шарифбек – сардори шуъбаи тайёрии ҷисмонӣ, корҳои тарбиявӣ-оммавӣ ва варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД буда, касби падарашро пеша намудааст. Мерганзода К., низ дар варзиши гӯштини самбо барандаи ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон дар соли 2003 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова ва ғолиби чемпионати ҷаҳон дар байни устодон соли 2011 дар кишвари Юнон мебошад.

78

Бояд зикр кард, ки ин ҷавони тавонову умедбахш тайи 2 сол мешавад, ки дар риштаи гӯштини самбо пайваста машқу тамрин намуда, бо ахлоқи хубу намунавӣ миёни ҳамсолон нуфузу эътибор пайдо кардааст.
Х. Солиҳов,
подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика