Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзиш рамзи дӯстиву рафоқат

67

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз байни наврасони соли таваллуди 2005-2006 мусобиқаи варзишӣ дар намуди футболи хурдро барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз 2019» ташкил намуд.
Ҳадафи чорабинии варзишӣ пешгирии амалҳои номатлуб байни наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, таҳти шиори «Варзиш рамзи дӯстиву рафоқат» гузаронида мешавад.
Санаи 16 марти соли равон, маросими тантанавии оғози мусобиқаи даставӣ дар варзишгоҳи хурди «Маҷмаи варзишии 20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа 9 дастаи футболбозони наврас аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Спитамен номнавис шудаанд. Мусобиқаи даставӣ аз рӯи системаи олимпӣ ҷараён гирифта, дастаи мағлуб имконияти идомаи бозиро аз даст медиҳад.

6869

Рафти мусобиқаро масъулини шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд бо ҷалби мураббиёни Федератсияи футболи вилояти Суғд доварӣ менамоянд. Футболи хурд давоми се рӯз идома ёфта, дар доираи тантанаҳои иди Наврӯз ғолибон аз тарафи роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ мешаванд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика