Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шашка дар байни корманд-занони СХДО ВКД

23

Бо мақсади рушди намудҳои варзиш, тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардонидани он, муайян намудани варзишгарони болаёқат, ҳамчунин бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар» санаи 5-уми марти соли 2019 дар Саррраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни корманд-занони ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе мусобиқаи шашкабозӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур 10-даста аз ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Аз рӯи холҳои ба даст овардашуда, дар намуди шахсӣ-даставӣ ҳайати ҳакамон ҷои аввалро ба намояндаи Қисми махсуси минтақавии зудамали СХДО ВКД Уроқова Б., ҷойи дуюмро ба намояндаи Қисми мустақили 5-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳидова С. ва ҷойи сеюмро ба намояндаи Қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ Алиева Д. сазовор донистанд.
Дар намуди умумидаставӣ ҳам ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба дастаи Қисми махсуси минтақавии зудамали СХДО ВКД, ҷойи дуюро ба Қисми мустақили 5-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюро ба Қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ мансуб донистанд.

24

Дар анҷоми чорабинии варзишӣ бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар» аз тарафи роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқа ва иштирокчиёни фаъоли он дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3, Ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Шарифҷон Шарифзода, СХДО ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика