Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи шашка ва шоҳмот

15

Рӯзи 28-уми феврал дар Раёсати БДА ВКД мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни кормандони сохторҳои қудратии мамлакат ва ташкилоту идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 баргузор гардид.

16

Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур миёни мардону занон гузаронида шуда, дар он зиёда аз 20 дастаи варзишгарон ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи шоҳмот миёни бонувон ҷойи аввал насиби Мутриба Ҳотамӣ аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, ҷойи дуюм ба Меҳрона Искандарова аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ҷойи сеюм ба Ширин Ризозода аз дастаи Академияи ВКД, муносиб дониста шуд.
Дар ҳамин намуди мусобиқаи миёни мардон бошад, ҷойи аввал насиби Алишер Каримов аз дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, зинаи дуюм ба Азиз Ҳакимов аз дастаи Роҳи оҳан, ҷойи сеюмро Бахтиёр Мустафоқулов аз дастаи ҶДММ «Вавилон» соҳиб гардиданд.
Дар намуди шашка миёни занон ҷойи аввал ба Сарвиноз Каримова аз дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов насиб гардида, ҷойи дуюмро Лола Исмоилова аз дастаи Академияи ВКД ба даст овард, зинаи сеюмро Сокина Дӯстмуродова аз дастаи ҶДММ «Вавилон» соҳиб шуд.

171819

Дар ин намуди мусобиқа миёни мардон ҷойи аввал ба Эраҷ Зоҳидов аз дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов муносиб дониста шуда, ҷойи дуюмро Раҷабалӣ Шарипов аз дастаи Роҳи оҳан ба даст оварда, ҷойи сеюмро Сайдаҳмад Баҳриддинов намояндагони дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ишғол намуд.
Миёни дастаҳо бошад ҷойи аввал ба дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, зинаи дуюм ба намояндагони дастаи Роҳи оҳан насиб гардида, дар ҷойи сеюм бошад дастаи ВКД қарор гирифт.
Дар охир ба ғолибони мусобиқа медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Тоҷиддин Латипов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика