Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИЛИТСИЯ ВА ФУТБОЛ

599Аз нигоҳи аввал байни вожаҳои милитсия ва футбол ҳеҷ пайвандиву алоқамандие эҳсос намешавад. Бо ҳама маъруфияту шуҳраташ футбол ҳамагӣ як бозии маъмулӣ асту федератсияву ассотсиатсияҳои миллии футболӣ ташкилотҳои ҷамъиятии идоракунандаи он. Милитсия бошад, яке аз ниҳодҳои қудратии хеле муҳим ва махсуси давлатӣ буда, вазифаи таъмини риояи волоияти қонун ва осудагиву суботи шаҳрвандонро ба зимма дорад.

Аммо, дар асли ҳол футбол ва милитсия ба ҳам алоқамандии зич дошта, онҳоро бе якдигар тасаввур кардан имкон надорад. Махсусан, футболи имрӯзиро ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон. Милитсия, ки ҳаст, одамон осуда футбол мезананд. Милитсия, ки ҳаст, одамон бо хотири ҷамъ футбол мераванду футбол тамошо мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар футболи тоҷик, милитсия вижагиҳои зиёди худро дорад ва ин ҷо қарор кардем, то баъзе аз онро баён созем. Боварӣ дорам, ҳоло бисёре аз шумо, хонандагони азиз, намедонед, ки аввалин футболбозони тоҷик милисаҳо буданд ва нахустин дастаҳои футболи тоҷикро низ маҳз онҳо таъсис доданд. Якумин чемпиони футболи тоҷик ҳам дастаи футболи "Динамо"-и Сталинобод (Душанбеи имрӯза) буд, ки НКВД-и вақтро муаррифӣ мекард. Ин бар он маъно аст, ки дастпарварони мактаби футболи "Динамо", яъне кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шарафи футболи ватаниро дар ҳама давру замонҳо ва он ҳам дар бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳимоя намуданд. Ин анъана то имрӯз идома дорад. Гузашта аз ин, масъулони ин соҳа барои футболро ҳамчун ғояи муттаҳидкунандаи миллат истифода кардан, он қадар талош доранд, ки кам касони дигар ин талошро дошта бошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳам милитсияи тоҷик дар рушду инкишоф ва пешрафти футболи ватанӣ нақши бориз дорад. Новобаста ба тамоми мушкилиҳо ва масъулияти сангини оинномавиашон дар давраҳои барои миллат тақдирсозу сарнавиштсоз, кормандони ВКД соли 1995 дастаи "Динамо"-и худро эҳё гардонида, соли 1996 унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуданд. Қобили қайд аст, ки ҳамасола аз ҷониби ин ниҳоди қудратӣ даҳҳо мусобиқаҳои хурду бузурги футбол дар сатҳи баланди омодагӣ ташкилу баргузор карда мешаванд. Собиқадорони футболи худро қадрдонӣ мекунанд ва дастаашон то имрӯз дар мусобиқа байни собиқадорон ширкат меварзад.
Солҳои охир, бо ташаббус ва ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода шумораи ин гуна мусобиқаҳо афзуда, сатҳи баргузории онҳо ҳам беҳтар мешавад. Зеро худи роҳбари аввали ВКД футболбоз асту футболро дӯст медорад. Боварии комил дорам, ки агар муҳтарам Вазир касби милитсияро интихоб намекарданд, ҳоло яке аз шинохтатарин футболбозони тоҷик мебуданд. Сардори Раёсати кофтукофи ҷиноятии ВКД подполковники милитсия Шоҳрух Саидзода бештар аз даҳ сол мешавад, ки бо "Истиқлол"-и худ бори сангини футболи бошгоҳии тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ба дӯш дорад ва ҳатто ба пурқувваттарин клубҳои футболи осиёӣ пирӯз мешавад. Сардорони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Кӯшониёну Ҷайҳун полковники милитсия Абдураҳим Мирзозода ва подполковники милитсия Баҳодур Холиқзода эҳёгари ин намуди зебои варзиш дар ноҳияҳои худ мебошанд. Майдон месозанд, даста таъсис медиҳанд ва дар мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Аз футбол ҳамчун аз ғояи асосии муттаҳидкунандаи шаҳрвандон истифода мекунанд.
Полковники мустаъфӣ, собиқадори ВКД Шавкат Ахмедов, ки айни замон вазифаи роҳбари маъмурияти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба зимма дорад, дар коргузории футболи ватанӣ пайваста саҳмгузорӣ мекунад. Тарзи дурусти ташкилу баргузории мусобиқаҳоро ба дигарон меомӯзонад. Зиндагии ин марди наҷибро бе футбол тасаввур кардан мушкилу ғайриимкон аст.
Инро низ бояд қайд кард, ки ҳамасола дар Тоҷикистон аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё шумораи зиёди мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ гузаронида мешаванд, ки дар ташкилу баргузории онҳо милитсияи тоҷик масъулияти калон дорад. Ба ибораи дигар, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар баробари иҷрои софдилонаи вазифаҳои оинномавии худ, масъулияти гарони ҷамъиятиро низ ба зимма дошта, барои пешрафту инкишофи футболи ватанӣ пайваста талош намуда, заҳматҳо мекашанд, ки ҳалолашон бод.
Айни замон бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҶТ доир гардида истодааст, ки дар таътили зимистонӣ барои бачаҳои футболбоз аз ин дида, иди бузургтаре намешавад. Роҳбарии асосии ин мусобиқаро Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД ба зимма дошта, мусобиқа аз ҷониби Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ мегардад. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқаҳои мазкур, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни наврасон, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни онҳо, дарёфти истеъдодҳои болаёқат ва дар маҷмӯъ, таъмини иҷроиши бевоситаи "Барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021" мебошад.
Дар фароварди сухан аз номи худ ва аз ҷониби он кӯдакону наврасоне, ки дар ин мусобиқаҳо ширкат кардаанд, ба тамоми кормандони ВКД, бахусус ба Вазири муҳтарам Рамазон Раҳимзода барои ин иқдоми наҷибу ҷавонмардонааш сипосгузории самимонаро баён менамоям.

Нуралӣ ХОРКАШЕВ,
сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика