Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд: Пирӯзии дастаи "Томирис" дар мусобиқаи варзишӣ оид ба "Футболи хурд»

586

Рӯзи 2-юми январи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ оид ба "Футболи хурд" байни наврасону кӯдакон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ " ба анҷом расид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз ҳисоби наврасону кӯдакони соли таваллудашон 2005 ва аз он хурд иштирок намуда, дастаи "Томирис" бо гирифтани ҷойи аввал соҳиби "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" гардид.
Мавриди қайд аст, ки дар бозии финалӣ дастаи "Томирис" дастаи "Сирдарёро"-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ҳамин тавр, ҷойи дуюм насиби дастаи «Сирдарё» ва ҷойи сеюм насиби футболбозони дастаи "Пахтакор" гардид.
Ғолибон ва бозингарони беҳтарин бо Ифтихорнома, Сипоснома ва медалу тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Бурҳониён О.П. қадрдонӣ карда шуданд.

587588

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи варзишӣ оид ба "Футболи хурд" байни наврасону кӯдакон аз 27-уми декабри соли 2018 шурӯъ гардида, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати тақвият бахшидани варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуда, ба таҳким бахшидани дӯстию рафоқат байни варзишгарон мусоидат менамояд.
Қодиров И.А., муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика