Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конибодом: Гимназияи №1 ғолиби мусобиқаи футболи хурд байни наврасон гардид

585

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом, бахусус кормандони шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони он пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, сайъ менамоянд, то ки наврасонро ба омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва варзиш ҷалб намоянд. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб миёни насли наврас, аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи мазкур мусобиқаи футболи хурд байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 28-29-уми декабри соли 2018 доир гардида, дар он 12 даста бо иштироки зиёда аз 100 нафар варзишгари наврас аз Гимназия ва муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Конибодом иштирок намуданд.
Дар интиҳои мусобиқа дастаи футболбозони навраси Гимназияи №1-и шаҳри Конибодом ба номи Эсанбой Бозоров сазовори ҷойи аввал гардида, «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»-ро ба даст оварданд.
Ҷойи дуюмро бошад, дастаи футболбозони навраси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ба номи Робия Ҷӯраева ва зинаи сеюмро дастаи футболбозони навраси МТМУ-и №16-и ба номи Неъмат Қарабоеви ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ғуломови шаҳри Конибодом ба даст оварданд.
Ғолибон бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Элзар АБДУСАМАДОВА,
сардори шуъбачаи ХПҲНҶ ШВКД дар ш. Конибодом


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика